Устодони кафедраҳо низоми кредитии таҳсилотро меомӯзанд

Устодони кафедраҳо низоми кредитии таҳсилотро  меомӯзанд

23 январ бо ташаббуси бахши идоракунии сифати таҳсилот дар маҷмааи нави таълимии шаҳраки “Шифобахш” семинар дар мавзӯи «Низоми кредитии таҳсилот» гузаронида шуд.

Дар он   мудири   кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ д.и.ф-м, профессор Шерматов Д.С. бо презентатсия дар мавзӯи «Низоми кредитии таҳсилот» баромад намуд. Дар семинари мазкур мудирони кафедраҳо ва устодони таълимии кафедраҳои курси 3-юми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва НТҶ, ки бори аввал тибқи низоми кредитӣ аз моҳи сентябри соли 2019 дар курсҳои 4-ум дарс медиҳанд, иштирок доштанд. Дар анҷоми семинар ба саволҳои устодон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент



31.01.2019 138