Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ дар МОҚ

Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ дар МОҚ
“Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон”. Рӯзи 22 ноябр зери ҳамин шиор дар Маркази омодагии қаблӣ чорабинии васеи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ таваҷҷуҳи ҳозирин ба видеонавори иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд. Шунавандагон бори дигар огоҳонида шуданд, ки чӣ тавр дар ин иҷлосия тақдири ояндаи давлати тоҷикон тарҳрезӣ шуда тадбирҳои басо муҳим барои сарҷамъии мардум ва ҳифзи арзишҳои кишвар андешида шуданд. Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо фармони худ 24-ноябрро рӯзи Парчами давлатӣ эълон намуданд ва боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳама шукуҳу шаҳоматаш дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардидааст. Супориш дода шуд, ки шунавандагон дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани маҳбуби ман аст” иншо нависанд. Чорабинӣ бо мисраҳои зерин ба охир расид:
Тоҷикистон, номи ту то арши боло мебарем,
Парчаматро боз боло, боз боло мебарем.
Маркази омодагии қаблӣ

Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ дар МОҚ
Таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ дар МОҚ
27.11.2019 222