Шӯрои олимони факултаи НТҶ

Шӯрои олимони факултаи НТҶ

       Рӯзи 18-уми октябр дар толори раёсати донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултет баргузор гашт, ки дар он фаъолияти кафедраҳои физиологияи нормалӣ, анатомияи одам ва биохимия ҳаматарафа баррасӣ гашта, мудирони кафедраҳо вазифадор карда шуданд то нисбати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҳои зарурӣ андешанд.

       Инчунин декани таҷрибаомӯзӣ Холов Ё.Қ. оиди таҷрибаомӯзии тобистона сухан намуда, иброз дошт, ки донишҷӯён пурра ва ҳаматарафа таҷрибаомӯзиро гузаштанд.

       Мудири китобхона Хайруллоева С.Э. оиди таъминоти адабиётҳои таълимӣ гуфт, ки тибқи талаботи ҷойдошта дар факултет маводҳои таълимӣ муҳаё мебошад.

       Мудири шӯъбаи назорати сифати таълим Субҳонов С.С. дар баромади худ қайд намуд, ки нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар кафедраҳои зерсохтори факултет чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Деканати факултаи НТҶ


25.10.2018 104