Санҷитши сифати таҳсилот

Санҷитши сифати таҳсилот
Дар давоми моҳи сипаригаштаи сентябр, тибқи “анкетаи робитаи мутақобила”, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардидааст ва дар Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳамон тасдиқ шудааст, сатҳу сифати дониши қаблан омӯхташудаи донишҷӯён, сатҳи робитаи мутақобиларо, ки байни омӯзгорон ва донишҷӯён дар кафедраҳои психиатрия ва наркалогия ва тибби оилавии №2 гузаронида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд.
Пеш аз оғози анкетагузаронӣ бо донишҷуён оид ба қоидаҳои анкетагузаронӣ, риояи аз рӯи ҳақиқат, объективона қайд намудани ҷавобҳо ва тавассути холҳо баҳодиҳӣ намудан сӯҳбат гузаронида шуд. Инчунин, ба донишҷуён фаҳмонида шуд, ки онҳо дар тадқиқот оид ба омӯзиши сатҳи сифати таълим иштирок намуда, ҳамчун шарики асосӣ дар раванди таълим ба баландшавии сифати таълим дар донишгоҳамон мусоидат хоҳанд намуд.
Дар рафти санҷиш ба донишҷӯён тибқи “анкетаи робитаи мутақобила”, саволҳои зерин пешниҳод гардиданд, ки онҳо вобаста ба сатҳи иҷрои маводи пешниҳодшуда аз тарафи омӯзгор, бояд мусбӣ (4-5 хол) ва манфӣ (1-3) хол баҳогузорӣ намоянд ва дар анкетаи пешниҳод гардида зикр намоянд. Дар ҳар анкетаи номбурда 8 саволӣ оид ба ҷараёни таълим ва риояи он баҳри пешбурди сатҳи таълим оварда шудаанд:
1. То чи андоза маводи таълимӣ шавқовар пешниҳод карда мешавад?
2. То чи андоза маводи таълимӣ фаҳмонида мешавад?
3. То чи андоза Шуморо суръати фаҳмонидан ва ҳаҷми маводи таълимӣ қонеъ мегардонад?
4. То чи андоза машғулияти амалӣ ҳақиқатан амалӣ мебошад (ҳалли масъалаҳо, барасии мисолҳо)?
5. Оё адабиёти иловагӣ пешниҳод карда шуд ва он фоидаовар ва лозим буд?
6. Алоқа бо дигар фанҳо ҷой дошт? (зеро дар донишҷӯён мафкураи системавиро ташаккул медиҳад).
7. Алоқа бо фаъолияти амалӣ ҷой дошт? Омӯзгор диққати донишҷӯёнро ба касби ояндаашон ҷалб менамояд.
8. Аҳамияти мундариҷаи мавзӯъ ва дастрасии маводи пешниҳодшаванда (омӯзгор фаҳмо ва мантиқан маводи таълимиро пешниҳод намуда, ҷойҳои душвор, инчунин самтҳои муҳими мавзуъро шарҳ медиҳад).

КАФЕДРАИ ПСИХИАТРИЯ ВА НАРКАЛОГИЯ

Дар кафедраи «психиатрия ва наркалогия»донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 17,18,19 ва 20 дарс мегузаштанд. Санҷиш ҳангоми дарси лексионӣ гузаронида шуд.
Курси 5, гурӯҳои 17-20, фак. тиббӣ, омӯзгор –Кадырова З.Д.
Баҳои мусбӣ(4-5 хол) – 72,4 %
Баҳои манфӣ(1-3 хол) – 27,6 %
Дар умум донишҷуён ба омӯзгор – 72,4 %- баҳои мусбӣ, яъне баҳоҳои 4 ва 5 гузоштанд. Боқимонда донишҷӯён бошад, баҳои манфӣ гузоштаанд ки ин 27,6 %-ро ташкил медиҳад (холҳои паст оид ба саволҳои зерин дода шудаанд: 2. То чи андоза маводи таълимӣ фаҳмонида мешавад? 3.То чи андоза Шуморо суръати фаҳмонидан ва ҳаҷми маводи таълимӣ қонеъ мегардонад? 4. То чи андоза машғулияти амалӣ ҳақиқатан амалӣ мебошад (ҳалли масъалаҳо, барасии мисолҳо) ? 5. Оё адабиёти иловагӣ пешниҳод карда шуд ва он фоидаовар ва лозим буд?

КАФЕДРАИ “ТИББИ ОИЛАВИИ №2”

Дар кафедраи “Тибби оилавии №2” донишҷӯёни курси 5-ум гуруҳҳои (43, 46, 47) факултети тиббӣ ва курси 6-уми ҳамин факултет ва педиатрӣ, гурӯҳҳои (5 пед,38 ) дарс мегузаштанд.
Курси 5, гурӯҳи 43, факултети тиббӣ, омӯзгор – Мирзокалонова М.Ҷ.
Баҳои мусбӣ(4-5) –54, 5 %
Баҳои манфӣ(1-3) – 45,5 %
Дар умум донишҷуён ба омӯзгор – 54, 5 %- баҳои мусбӣ, яъне баҳоҳои 4 ва 5 гузоштанд. Боқимонда донишҷӯён бошад, баҳои манфӣ гузоштаанд ки ин 45,5 %-ро ташкил медиҳад (холҳои паст оид ба саволҳои зерин дода шудаанд: 2. То чи андоза маводи таълимӣ фаҳмонида мешавад? 3. То чи андоза Шуморо суръати фаҳмонидан ва ҳаҷми маводи таълимӣ қонеъ мегардонад? 5. Оё адабиёти иловагӣ пешниҳод карда шуд ва он фоидаовар ва лозим буд? 6. Алоқа бо дигар фанҳо ҷой дошт? (зеро дар донишҷӯён мафкураи системавиро ташаккул медиҳад).
Курси 5, гурӯҳи 46, факултети тиббӣ , омӯзгор – Инъомзода Ҷ.И
Баҳои мусбӣ(4-5) – 79,2 %
Баҳои манфӣ(1-3) – 20,8 %
Дар умум донишҷуён ба омӯзгор – 79,2 %- баҳои мусбӣ, яъне баҳоҳои 4 ва 5 гузоштанд, ки ин нишондоди хуб мебошад. Боқимонда донишҷӯён бошад, баҳои манфӣ гузоштаанд ки ин 20,8 %-ро ташкил медиҳад
(холҳои паст оид ба саволҳои зерин дода шудаанд: 2. То чи андоза маводи таълимӣ фаҳмонида мешавад? 3. То чи андоза Шуморо суръати фаҳмонидан ва ҳаҷми маводи таълимӣ қонеъ мегардонад? 4. То чи андоза машғулияти амалӣ ҳақиқатан амалӣ мебошад (ҳалли масъалаҳо, барасии мисолҳо)? 5. Оё адабиёти иловагӣ пешниҳод карда шуд ва он фоидаовар ва лозим буд?
Курси 5 гурӯҳи 47, факултети тиббӣ, омӯзгор – Насирова М.П.
Баҳои мусбӣ(4-5) – 100%
Баҳои манфӣ(1-3) – 0 %
Дар умум донишҷуён ба омӯзгор – 100% - баҳои мусбӣ, яъне баҳоҳои 4 ва 5 гузоштанд, ки ин нишондоди хуб мебошад. Боқимонда донишҷӯён бошад, баҳои манфӣ гузоштаанд ки ин 0 %-ро ташкил медиҳад (холҳои паст оид ба саволҳои зерин дода шудаанд: 2. То чи андоза маводи таълимӣ фаҳмонида мешавад? 3. То чи андоза Шуморо суръати фаҳмонидан ва ҳаҷми маводи таълимӣ қонеъ мегардонад? 4. То чи андоза машғулияти амалӣ ҳақиқатан амалӣ мебошад (ҳалли масъалаҳо, барасии мисолҳо)? 5. Оё адабиёти иловагӣ пешниҳод карда шуд ва он фоидаовар ва лозим буд?
Курси 6 гурӯҳи 38, факултети тиббӣ, омӯзгор – Ёдгорова М.Ҷ.
Баҳои мусбӣ(4-5) – 94,6%
Баҳои манфӣ(1-3) –5,4 %
Дар умум донишҷуён ба омӯзгор –94,6 %- баҳои мусбӣ, яъне баҳоҳои 4 ва 5 гузоштанд, ки ин нишондод хело хуб мебошад.
Курси 6 гурӯҳи 38, факултети тиббӣ, омӯзгор – Мирзоева М.
Баҳои мусбӣ(4-5) – 76,6 %
Баҳои манфӣ(1-3) –23,3 %
Дар умум донишҷуён ба омӯзгор – 76, 6 %- баҳои мусбӣ, яъне баҳоҳои 4 ва 5 гузоштанд, ки ин нишондод хуб мебошад.

Факултети стоматологӣ

Инчунин ҳафтаи сипаригашта сифати дарсазхудкунӣ дар курси 4-ум, гурӯҳҳои 6,7 ва 8-уми факултети стоматологӣ дида баромада шуд, ки натиҷааш чунин мебошад:
Дар натиҷа, дар гурӯҳи 6-уми курси 4-уми факултети стоматологӣ нишондодҳо чунин буданд:
1.Сифат – 81,28 %,
2.Дарсазхудкунии мутлақ – 93,75 %
3. Миқдори донишҷӯён- 17 нафар
Дар натиҷа, дар гурӯҳи 7-уми курси 4-уми факултети стоматологӣ нишондодҳо чунин буданд:
1.Сифат – 75 %,
2.Дарсазхудкунии мутлақ –91,67 %
Миқдори донишҷӯён- 16 нафар.
Дар натиҷа, дар гурӯҳи 8-уми курси 4-уми факултети стоматологӣ нишондодҳо чунин буданд:
1.Сифат – 30 %,
2.Дарсазхудкунии мутлақ –100 %
3. Миқдори донишҷӯён- 10 нафар.
Х.М. Мирзоев, н.и.т., дотсент, Сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор

16.10.2019     92