Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи урология

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи урология

         Дар санаи 12-уми декабри соли 2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи урология ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд. 

       Дар кафедраи урология бо донишҷӯёни курсҳои 4-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва курси 6 –уми факултети НТҶ дарс гузаронида мешаванд. Инчунин дар кафедра 2 нафар аспиранти соли 2-юми таҳсил ва 4 нафар докторантҳои PhD, 10 нафар ординаторони клиникӣ (2 нафар соли 2-юм ва 8 нафар соли якум) ва 4 нафар табибон-интернҳо таҳсил мекунанд. Корҳои мустаќилонаи донишҷӯён аз навиштани реферат, куратсияи беморон, тайёр намудани маводҳои айёнӣ иборат аст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои давлатӣ ва русӣ зиёда аз 20 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия намуда, аз чоп баровардаанд. Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.


С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот,  н.и.т., дотсент 
17.12.2018     51