Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи оториноларингология

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи оториноларингология

          Дар санаи 18.12. соли 2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи оториноларингология ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

         Барои дарсҳои амалӣ дар кафедраи оториноларингология ҳуҷраҳои эндоскопӣ, фониатрӣ, логопедӣ, ва ҳуҷраи ГГБ дар шуъбаи барқарорсозии шунавоӣ, садо ва нутқ, инчунин ҳуҷраҳои ташхиси функсионалӣ дар Маркази аудиологӣ хизмат мерасонанд.

   Барои азхуд намудани малакаҳои амалӣ аз фанни оториноларингология барои донишҷӯён дастурамали «Малакаҳои амалӣ аз оториноларингология» - 52 саҳифа таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст. Ҷолиби диққат мебошад, ки дар дастурамали номбурда оид ба ҳар як малакаи амалӣ ғайр аз матни иҷрои он, инчунин сурати иҷрои малакаи амалӣ оварда шудааст. Корҳои мустақилонаи донишҷуён аз навиштани реферат, муоинаи беморон иборат аст.

       Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ зиёда аз 35 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст

            Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.


С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент



21.12.2018     47