Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи офталмалогия

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи  офталмалогия

 Дар санаи 18.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи офталмалогия ва мониторинги  сифати таълим гузаронида шуд. Дар кафедраи мазкур  аз фанни офталмалогия ба донишҷӯёни курси 4-ум ва 5-уми факултети тиббӣ ва курсҳои 4-ум ва 5-уми факултети тиббӣ бакалавр, курси 5-уми факултети педиатрӣ, курсӣ 4-уми факултети  стоматологӣ ва курси 5-уми факултети НТҶ, дарс гузаронида мешаванд. Дар кафедра ғайр аз донишҷӯён як аспиранти соли аввал, 15 нафар ординатори клиникӣ (соли 1  10 нафар, соли 2 4 нафар), 4 нафар интерн, омода карда мешаванд.

Дарсҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи ҳайати  омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ зиёда аз 19 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида аз чоп бароварда шудааст.

         Корҳои мустақилонаи донишҷуён иборат аст аз навиштани реферат, муоинаи беморон (палпатсия, перкуссия, ташхису табобат), ҳал кардани масъалаҳои вазиятӣ ва аз рӯи як чанд номгӯи малакаҳои амалӣ бо усули муоинаи зоҳир, муоинаи пилкҳо, чаппа ашк ва мавзеи ашкдон, тафтиши найчавӣ ва бинигӣ, шустани роҳҳои ашкгузар,  муоинаи мултаҳима ва қарния, усули муоина одӣ ва мураккаб бо равшании паҳлӯӣ, офталмоскопияи мустақим ва баръакс, биомикроскопия, чен намудани фишори дохили чашм ба таври палмосиш ва бо тонометрии Маклаков иборат аст.

       

 

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот н.и.т., дотсент   

              


21.12.2018     51