Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи эндокринология

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи эндокринология

     Дар санаи 16.10.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи эндокринология ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд. Дар кафедраи эндокринология донишҷӯёни курсҳои 4-уми факултети тиббӣ, 6-уми факултети НТҶ ва педиатрӣ, инчунин 10 нафар ординаторони клиникӣ ва 8 нафар табибон-интернҳо таҳсил мекунанд.

    Барои баланд намудани сатҳи дониши донишҷӯён дар кафедра дафтар ва дастури таълимӣ-методӣ барои корҳои мустақилона таҳия ва ба чоп расонида шудааст. Барои корҳои мустақилона маводҳои таълимии зерини эндокринологиро дар машғулиятҳо истифода мебаранд: глюкометрҳо, камертон барои ченаки ҳисси вибратсионӣ, сӯзандору барои инсулин, лентаи ченкунӣ, калкулятор ва ғайра истифода карда мешаванд.

       Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ зиёда аз 30 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия намуда аз чоп баровардаанд. Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра давомоти донишҷӯён санҷида шуд.

 Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент        

          


20.10.2018     45