Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои даруни №2

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои даруни №2

    Дар санаи 16.10.2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи бемориҳои дарунии №2 ва мониторинги  сифати таълим гузаронида шуд. Дар кафедраи бемориҳои дарунии №2 донишҷӯёни курсҳои сеюми факултети фармасевтӣ аз фанни «ёрии аввалияи тотабибӣ», курси 4-ум (бакалавриат), курси 5-уми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, инчунин бакалавриат аз фании «бемориҳои дарунӣ» таҳсил мекунанд.

    Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо шароитҳои мувофиќ мавҷуд буда, имкониятҳои иловагӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои санҷиши ултрасадоӣ, СБД, СБД-Холтерӣ, ЭхоКГ, ВЭМ, рентгенологӣ, томографияи компбтерӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ, биохимиявӣ ва бактериологӣ истифода карда мешаванд. Хар як омӯзгор аз рӯи тахассуси худ аз ин  фанҳо дарс медиҳад.

   Дарсҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Аз тарафи ҳайати  профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ зиёда аз 21 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида аз чоп бароварда шудааст.

       Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар кафедра давомоти донишҷӯён санҷида шуд. Донишҷӯён пурра дар дарсҳо иштирок менамуданд.

 

Субҳонов С.С., роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент  


20.10.2018 98