Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи беҳдошт ва экология

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи беҳдошт ва экология

Дар санаи 12. 02 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи беҳдошт ва экология инчунин, мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи беҳдошт ва экология донишҷӯёни курсҳои 3-юм, 4-уми факултети тиббӣ, донишҷӯёни курсҳои 3-юм, 4-уми факултети педиатрӣ, донишҷӯёни курси 3-юми факултети фармасевтӣ, донишҷӯёни курси 3-юми факултети стоматологӣ, аз фанни беҳдошти умумӣ ва экология дарс гузаронида мешавад. Ҳамзамон 2-нафар докторанти PhD (соли 2-ум) ва 2-нафар унвонҷӯй, корҳои илмиашонроро тибқи мавзӯҳошон иҷро менамоянд.

Дарсҳои амалӣ ва кори мустақилонаи донишҷӯён, аз навиштани рефератҳо аз рӯи мавзӯҳои нақшавӣ иборат мебошад.

Дар кафедраи беҳдошт ва экология барои донишҷуён аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон зиёда 19 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия шудааст.

 

С.С. Субҳонов, сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент

 


18.02.2019     50