Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии кӯдакона

Санҷиши  фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи  ҷарроҳии кӯдакона

Дар санаи 25.12 соли 2018 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи ҷарроҳии кӯдакона ва мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакона бо донишҷӯёни курсҳои 4-ум ва 5-уми факултети педиатрӣ, курси 5-уми факултети тиббӣ ва курси 2-юм, 3-юми факултети педиатрӣ аз фани КМК дарс гузаронида мешаванд. Дар кафедра ғайр аз донишҷӯён 1-нафар ординатори клиникӣ (соли1-ум) ва 1 нафар аспирант (соли якум) таҳсил мекунанд.  

Корҳои мустақилонаи донишҷуён аз навиштани реферат, муоинаи беморон иборат аст.

Аз тарафи ҳайати  профессорону омӯзгорони кафедра бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёда аз 25 номгӯй адабиёти таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст

Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра дар  сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

 

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент     

  


02.01.2019 91