Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ

Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ

Дар санаи 17. 01 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ ва инчунин мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ донишҷӯёни курсҳои 1-ум, 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-уми факултети фармасевтӣ аз фанҳои зерин; 1) химияи ғайриорганикӣ, 2) химияи физколлоидӣ, 3) химияи аналитикӣ, 4) химияи фамасевтӣ-к.3 (сем. 5-6), 5) химияи фармасевтӣ-к.4 (сем.7-8), 6) химияи заҳршиносӣ –к.4 (сем.8)., 7) химияи заҳршиносӣ-к.5 (сем.9), 8) таҳлили фармасевтӣ таҳсил мекунанд. Ҳамзамон ғайр аз донишҷӯён, 3 нафар аспирантон (соли 1-ум – 1 нафар, соли 2-юм – 1 нафар, соли 3-юм – 1 нафар) ва 1-нафар унвонҷӯй, корҳои илмиро тибқи мавзӯяшон иҷро менамоянд.

Кори мустақилонаи донишҷӯён иборат аст аз навиштани рефератҳо аз рӯи мавзӯъ, гузаронидани корҳои озмоишгоҳӣ, дар дафтарҳои КМД дарҷ кардани мавзӯъҳо аз рӯи ҷадвали мавзӯии ҳар ак фан гузаронида мешавад. Барои ҳар як омӯзгор маҷмӯи талимӣ –методӣ омода карда шуааст.

Дар кафедраи “химияи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ” барои донишҷуён аз тарафи профессорону омӯзгорон зиёда 14 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст.


С.С. Субҳонов роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент



22.01.2019     58