Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи физиологияи патологӣ

Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи физиологияи патологӣ

Дар санаи 23. 01 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи физиология патологӣ ва инчунин, мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.

Кафедраи мазкур донишҷӯёни курсӣ 3-юми факултетҳои зерин: тиббӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ, педиатрӣ ва НТҶ аз фани физиологияи потологӣ таҳсил менамоянд. Ҳамзамон ба ғайр аз донишҷӯён 1-нафар аспиранти ғоибона, кори илмӣ менамояд.

Лексияҳо бо истифодаи асбобҳои муосир ва маводҳои аёнӣ: компютер, мултимедиа, слайдҳо, видеорорликҳо гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ (ОМИТ) бо қурбоққаҳо :1) ҷараёни ҳосили суддаи сафеди назди деворӣ дар рагҳои чарбӯи рӯдаи қурбоқа, 2) пайдошавии суддаи сурх дар рагҳои рӯдаи қурбоқа ҳангомӣ хунравӣ, 3) сидоди чарбии давраикалони хунгардиши қубоқа, 4) аҳмияти фишори осмосӣ дар пайдоши варам, 5) давраҳои вайроншавии гардиши хун дар муйрагҳо ҳангоми газаки шадид (таҷрибаи Конгейм), 6) тағийроти сохти бофтаҳо ва аксулмалҳои рагҳо дар чарбӯи рӯда ҳангоми газак, ҳал кардани саволҳои ваъзияти, дар дафтарҳои КМД дарҷ кардани мавзӯҳо аз рӯи ҷадвали мавзӯии ҳар як фан гузаронида мешавад. Барои ҳар як омӯзгор маҷмӯи талимӣ-методӣ омода карда шуааст.

Дар кафедраи физиологияи патологӣ барои донишҷуён аз тарафи профессорону омӯзгорон зиёда 20 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст.

 

С.С. Субҳонов, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 


28.01.2019     67