Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи физиологияи нормалӣ

Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи физиологияи нормалӣ

Дар санаи 23. 01 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи физиологияи нормалӣ ва инчунин мониторинги таълим гузаронида шуд.

Кафедраи мазкур донишҷӯёни курсӣ 2-юми факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ, педиатрӣ ва НТҶ аз фанни физиологияи нормалӣ таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, 1- нафар докторанти PhD, ки аз хориҷи кишвар мебошад ва 4-нафар унвонҷӯён кори илмиро тибқи мавзӯҳояшон иҷро менамоянд.

Лексияҳо бо истифодаи техникаи муосир ва маводҳои аёнӣ: компютер, мултимедиа, слайдҳо, видеорорликҳо гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ (ОМИТ) бо қурбоққаҳо гузаронида мешаванд. Кафедра дорои барнормаҳои озмоишгоҳи виртуалӣ аз фанни физиологияи нормалӣ мебошад, ки омӯзгорон ва донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд.

Дар кафедраи физиологияи нормалӣ барои донишҷуён аз тарафи профессорону омӯзгорон зиёда 17 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия гардида, аз чоп бароварда шудааст.

 

С.С. Субҳонов, Роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент


29.01.2019     91