Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи беҳдошти муҳити зист

Санҷиши фаъолияти таълимӣ-методӣ дар кафедраи беҳдошти муҳити зист

Дар санаи 23. 01 с. 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи беҳдошти муҳити зист   ва инчунин мониторинги  сифати таълим гузаронида шуд.

Дар кафедраи беҳдошти муҳити зист донишҷӯёни курсҳои 2-ум, 3-юм, 4-ум, 5-ум ва 6-уми факултети НТҶ аз фанҳои зерин; 1) гигиенаи умумӣ –к.3 (сем-5), 2) беҳдошти хӯрока –к.3-4 (сем 5-8), 3) беҳдошти кӯдакон ва наврасон –к.3-4 (сем 5-8), 4) беҳдошти коммуналӣ –к.3-4 (сем 5-8), 5) беҳдошти меҳнат –к.3-4 (сем 5-8), 6) беҳдошти радиатсионӣ –к.6 (сем. 11-12), 7) асосҳои мустаҳкамкунии саломатӣ –к.4 (сем 7-8), 8) беҳдошти ҳарбӣ к.3 (сем-6). Ҳамзамон ба ғайр аз донишҷӯён 2-нафар доктори PhD (соли-3юм) ва 1-нафар унвонҷӯй, корҳои илмиро тибқи мавзӯяшон иҷро менамоянд.

Лексияҳо бо истифодаи асбобҳои муосир ва маводҳои аёнӣ гузаронида мешаванд.

Дарсҳои амалӣ ва кори мустақилонаи донишӯйён иборат аст аз навиштани рефератҳо аз рӯи мавзӯъ, гузаронидани корҳои озмоишгоҳӣ дар “Маркази талимӣ-тадқиқотӣ ва иноватсионӣ дар соҳаи беҳдошти муҳити зист”  барои гузоронидани дарсҳои амалӣ кафедра аз дороиҳои ва таҷҳизотҳои Маркази селулаҳои бунӣёдӣ истифода мебарад.

Бояд қайд кард, ки дар Маркази селулаҳои бунёдӣ лаборатория барои муаян намудани нишондодҳои органолептикӣ ва кимиёии оби нушоки ташкил карда шудааст. Инчунин дар яке аз ҳуҷраҳои Маркази селулаҳои бунёдӣ лабораторияи беҳдошти меҳнат ташкил карда шудааст, ки дар он чунин таҷҳизотҳо мавҷуд мебошанд: люксметр (дастгоҳи рақамӣ барои муаян намудани дараҷаи равшанӣ дар ҳуҷраҳои корӣ ва истеҳсолӣ), шумомер (дастгоҳи рақамӣ барои муаян намудани дараҷаи ғалоғула, инфросадо ва ултрасадо др муҳити истеҳсолӣ), психрометр (дастгоҳи рақами барои муаян намудани нишондодҳои миқроиқлими истеҳсолӣ), газоанализатор (дастгоҳ барои муаян намудани миқдори СО2 дар муҳити истеҳсолӣ) ва дасгоҳ барои муаян намудани миқдори чанги истеҳсолӣ. Дар дафтарҳои КМД дарҷ кардани мавзӯҳо аз рӯи ҷадвали мавзӯии ҳар як  фан гузаронида мешавад. Барои ҳар як  омӯзгор  маҷмӯи талимӣ –методӣ омода карда шуааст.

Дар кафедраи “Беҳдошти муҳити зист” барои донишҷуён аз тарафи профессорону омӯзгорон зиёда 11 адабиёти таълимӣ  таҳия гардида, аз чоп  бароварда  шудааст.

 

С.С. Субҳонов, Роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 


26.01.2019 109