Риштаи пайванди наслҳо

Риштаи пайванди наслҳо

    5-октябри соли 2018 дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.

   Забон қисми ҷудонашаванда ва муҳими фарҳанги миллӣ мебошад. Моро дар таърих тавасутти ҳамин забон, мероси адабӣ ва фарҳанги ниёгон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ҳамин сабаб забон ва таърихи гузаштагон барои ҳар яки мо омили сарбаландӣ ва ягонагии миллат ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро дар Рӯзи иди забон муборакбод намуда, чунин қайд намудаанд: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз он иборат аст, ки забони давлатӣ марҳилаи қутоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таъриҳӣ нақши ваҳдатофариро адо намуд».

     Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ басо бузург аст.

    Вобаста ба ин дар кафедраи забони русии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳафтаи конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён (дар 8 сексия) дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мақоми забони давлатӣ» гузаронида шуд.


    Дар конференсия донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-юми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Донишҷӯён бо як шавқи беандоза ва ташаббускорӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд. Дар ҳар як сексия 4 нафар устодон масъул буданд. Ҳамин тавр, дар ташкил ва баргузории чорабинии мазкур ҳамаи устодони кафедра саҳм доштанд.

Кори ҳар як сексияро мудири кафедраи забони русӣ, профессор Юлдошев У.Р. ифтитоҳ намуда, ба кори ҳама муваффақиятҳо таманно кард.

    Мақсади конференсия пеш аз ҳама намоиши натиҷаи фаъолияти амалию таълимии донишҷӯён, забондонии русии онҳо мебошад. Барномаи ин чорабинӣ аз маърӯза, қироати шеър ва гуфтаҳои бузургон оид ба забон иборат буд. Маърӯзаҳоро донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 бо роҳбарии устодони кафедра таҳия намуданд. Барномаи ҳар як сексия аз 11 – 13 маърӯза иборат буд. Дарсхонаҳое, ки чорабинӣ баргузор гардид, бо банерҳо доир ба нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва оид ба омӯзиши забони русӣ ва забонҳои дигар оро дода шуд.

    Баргузории конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён дар кафедраи забони русӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

    Устодони кафедра дар таҳияи маърӯзаҳо саъю кӯшиши зиёд намуданд, ки аз ин хусус баромадҳои донишҷӯён шаҳодат медиҳанд.

Барномаҳои ин чорабинӣ бо як шавқмандӣ истиқбол гардид, ки аз ин хусус мубоҳисае, ки сурат гирифт, шаҳодат медиҳад, ки ҳамаи маърӯзаҳо рӯзмарра, пурмуҳтаво ва судманд мебошанд.

    Умуман ҳамаи барномаҳои конференсия нақши таърихии забони тоҷикӣ, муҳимияти омӯзиши забони русиро дар тайёрии касбии табибони оянда ва нақши сухан дар ҳаёти ҳар як шахсро дар бар мегирифт.   

 

                                                                                            Кафедраи забони русӣ

 


16.10.2018     43