Раванди дарсазхудкунии интерна ва ординаторони клиникӣ дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ

Раванди дарсазхудкунии интерна ва ординаторони клиникӣ дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ

Дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ ҳамасола донишҷӯён дар баробари омӯзиш ва ҳамзамон баъди хатми донишгоҳ баҳри гузариши зинаҳои таҳсили интернатура ва ординатураи клиникӣ ҳозир мешаванд, ки ин аз сол то сол афзудани шавқу рағбати донишҷӯён ба соҳаи тиб, бахусус риштаи асабшиносӣ шаҳодат медиҳад.


Тибқи нақшаи инфиродии тасдиқгардида, интерна ва ординаторон якҷоя бо мутасаддиёни худ дар баробари гуш кардани лексияҳои устодон ва машғулиятҳои амалӣ ҳамарӯза бо омӯзиши нозукуятҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои асаб машғул гардида, қадамҳои аввалини мустақилонаи хешро дар ҷодаи тибби муосир устувору мустаҳкам месозанд.


 Кафедраи  асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ


01.10.2018 98