Презентатсияи шавқовар

Презентатсияи шавқовар

Дар кафедраи фанњои ҷомеашиносӣ аз ҷониби омӯзгор, н.и.т. Абдураҳмонов З.В. барои курсҳои якуми факултети тиббӣ презентатсия дар мавзӯи “Ман метавонам аълохон шавам..” ва “Духонҳои машҳур” гузаронида шуд. Дар презентатсия аз ҳаёти олимону шоирон ва ходимони сиёсӣ ба монанди И.Нютон, А.Пушкин, Н.Бонапарт, У.Черчил ва дигарон, ки аввал ба донишандӯзӣ шавқ надошта, баъдан бо кӯшиши хеш тавонистанд қуллаи илмро фатҳ намоянд, гузориш дода шуд.

Презентатсия хеле шавқовар доир гардида, дар шуури донишҷӯён шавқу ҳаваси донишандӯзиро бедор намуд. Донишҷӯён барои гузаронидани чунин дарсҳои таълимӣ- тарбиявӣ мароқ зоҳир намуда, барои гузоронидани ин гуна дарсҳои презентатсионӣ аз омӯзгорон мусоидат хостанд.

 

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


15.10.2018 102