Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни курси 6

Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни курси 6

    Дар санаи 18-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода 26 нафар донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ зери назорати роҳбарии 7 мураббӣ дар соҳаҳои амрози бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, акушерӣ-гинекологӣ, бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, реаниматсия ва тибби оилавиро гузашта истодаанд, мулоқот гузаронида шуд. Роҳбарон пойгоҳҳо аз давомоти донишҷӯён розӣ ҳастанд ва нисбаташон эродҳо надоштанд. Дар вақти тафтиш оиди давомот донишҷӯёни 4 нафар бо сабаби беморӣ иштирок надоштанд.

    Анкетаронӣ (пурсишнома оид ба соли клиникӣ) ба ҳамаи донишҷӯёни ин пойгоҳ гузаронида шуд. Дар бораи рафти супоридани санҷиши ОСКЭ ба донишҷуён, ки моҳи январ гузаронида мешавад, фаҳмонида шуд.

  Қаландарзода Ё.Қ., сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ

 


20.12.2018 83