Маҷлисҳои курсии факултети педиатрӣ

Маҷлисҳои курсии факултети педиатрӣ

25-уми декабр дар бинои нав бо иштироки мудирони кафедраҳои имтиҳонгиранда, маҷлисҳои курсии курсҳои 1,2 ва 3-умии факултети педиатрӣ баргузор гардид.

Дари ҷаласа декани факулта, Табаров М.С. намояндагони кафедраҳоро бо донишҷуён шинос намуд. Декани факултет таъкид намуд, ки донишҷуён масъулияти бештар ҳис намуда, барои бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намудани имтиҳону санҷишҳо тамоми саъю кӯшишашонро ба кор баранд. Роҳбари факултет аз шогирдон тақозо намуд, ки дар давраи хониш ва имтиҳонот ба риояи қатъии қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, либоси донишҷӯӣ ва одоби муошират эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар охир донишҷӯён ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи худ аз роҳбарияти факултет ва кафедраҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Деканати факултети педиатрӣ


02.01.2019     84