Лексияи кушод дар кафедраи физиологияи нормалї

Лексияи кушод дар кафедраи физиологияи нормалї

Санаи 13.12.2019 дар кафедраи физиологияи нормалӣ барои донишҷӯёни курси 3-юм, патоки 5-уми факултети тиббӣ лексияи кушод дар мавзӯи «Физиологияи системаи нафаскашӣ» баргузор шуд. Лексияи кушод аз ҷониби д.и.т., профессор Шукуров Ф.А. бо иштироки мудири кафедра, омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони ҷавони кафедра гузаронида шуд. Лексияи кушод шавқовар ва дар сатҳи баланд бо истифода аз презентатсияҳо ба роҳ монда шуда буд. Дар лексия кормандони шуъбаи сифати таҳсилот низ иштирок доштанд.

                                                                              Шуъбаи сифати таҳсилот


14.12.2019 201