Конфронси илмӣ – амалии донишҷӯён дар кафедраи забони русӣ

Конфронси илмӣ – амалии донишҷӯён дар кафедраи забони русӣ

Дар кафедраи  забони русӣ конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони «РОЛЬ ТАДЖИКСКОГО И РУССКОГО ЯЗЫКОВ В ПРОФЕССИОНАЛНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СТУДЕНТОВ» баргузор гардид. Мудири кафедра д.и.п., профессор Юлдошев У.Р. зимни баромад  қайд кард, ки дар кафедра мунтазам ҳафтаи забонҳо гузаронида мешавад ва минбаъд ҳам ин иқдом давом дода мешавад.

    Инчунин роҳбари бахши идоракунии сифати таҳсилот н.и.т., дотсент Субҳонов С.С. бо табрикот ва муҳим будани гузаронидани чунин конфронсҳо баромад намуд. Баъдан донишҷӯён бо пешниҳоди маърузаҳои ҷолиб кори конфронсро идома доданд. Чунончӣ:

1.     Исоев Амрулло - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ. «Роль таджикского языка в профессиональной деятельности студентов медицинского университета».

2.     Пулотов Иномҷон - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «Роль языка в профессиональной деятельности студентов медицинского университета».

3.     Раҳматуллоев Фирдавс ва Кодирова Мадина - донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ «Законы братства».

4.     Ниёзматова Нигора - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «Функции русского языка в современном мире» .

5.     Бобоева Ганҷина - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «Роль русского языка в профессиональной подготовке студентов медицинского университета».

6.     Саидзода Зуҳро - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «О таджикском языке» .

7.     Худобахшова Лайло - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «Мудрые высказывания  о  языке».

8.     Муҳамадиева Шахзода - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «Родной язык».

9.     Раҷабова Насиба - донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ «Учите русский».

10.Бобоназаров Мирсаид, Набиева Шаҳло ва Рустамов Даврон -донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ  Мудрые высказывания «О русском языке» .

 

    Субҳонов С.С., роҳбари бахши идоракунии сифати таҳсилот, н.и.т., дотсент 

                                                                   


14.10.2018 94