Донишҷӯёни донишгоҳ ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гаштанд

Донишҷӯёни донишгоҳ ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гаштанд

Санаи 3 ва 4-уми майи соли ҷорӣ бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодов С.Т. 12 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Фиристода бояд ки доно бувад” (дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) иштирок намуданд.

Пас аз бақайдгирии иштирокчиёни Олимпиада, ки аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, нахуст вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Н.С. бо баён намудани сухани ифтитоҳӣ ба тамоми иштирокчиён барору комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно намуданд.

Ҳамчунин, сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л.А. ва раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Имомзода М.С. сухан намуда, ба иштирокчиён ҷиҳати ишғоли ҷойҳои намунавӣ муваффақиятҳо таманно ва онҳоро барои иштирокашон табрику таҳтният гуфтанд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. иштирокчиёнро аз рафти баргузорӣ ва шартҳои Олимпиада шинос намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни зерини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихории I, II, III, IV гашта, бо медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ, планшет, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бо китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд:

Садриддинов Нуриддин Файзиддинович – донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ - аз фанни биология ҷойи I-ум бо медали тилло, планшет, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китоби Пешвои миллат

Сангинов Фируз Облоқулович – донишҷӯи курси 4 –уми факултети тиббӣ – аз фанни химия ҷойи II-юм бо медали нуқра ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фарухӣ Шероз – донишҷӯи курси 2-юми факултети НТҶ – аз фанни фалсафа ҷойи III-юм бо медали биринҷӣ ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Рашидова Парвина Рабеховна – донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ – аз фанни таърихи халқи тоҷик ҷойи IV-ум бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китоби Пешвои миллат.

Бояд қайд кард, ки дар ин Олимпиада донишҷӯёнро ҳамчунин, мудирони кафедраҳои фанҳои зикршуда низ ҳамроҳӣ намуданд.

Аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Н.С. дастур дода шуд, ки ба роҳбарони ғолибони Олимпиадаи мазкур унвони “Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шавад.

Ҳамчунин, барои истироҳат намудан ба эксперти Олимпиада, мудири кафедраи химияи органикӣ, н.и.т., дотсент Файзилов И.У. роҳхат ба дилхоҳ осоишгоҳи вилояти Суғд дода шуд.

Муовинати таълим


3
2
1
08.05.2019     51