Декани факултет бо донишҷӯён вохӯрӣ доир намуд

Декани факултет бо донишҷӯён вохӯрӣ доир намуд

      17-уми октябр декани факултети НТҶ - Саидзода Б.И. бо донишҷӯёни курси 3 ва 4 мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ декани муҳтарам сараввал доир ба муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ишора намуда, аз ҷумла гуфт:

      «Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст диққати махсус дода шавад. Бояд насли ҷавон ба ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳон нигоҳи  нозук дошта бошанд ва танҳо бо зиракии сиёсӣ ва дониши баланду ифтихор аз арзишҳои миллӣ метавонанд, ки дар эъмори ҷомеаи навин саҳмгузор бошанд ва дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ мутахассиси ҷавобгӯйи талаботи замон бошанд».

       Дар вохӯрӣ ҳамчунин натиҷаҳои сессияи тобистона таҳлилу баррасӣ гардида, барои бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намудани сессияи дар пешистода ба донишҷӯён дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

 Деканати факултети НТҶ


20.10.2018 96