Даври аввали санҷиши фосилавӣ дар МОҚ

Даври аввали санҷиши фосилавӣ дар МОҚ

      Тибқи нақшаи таълимӣ охири ҳар ҳафта санҷишҳои фосилавӣ гузаронида мешавад. Санҷиши аввал аз рӯи саволҳои тестии навъи кӯшода гузаронида шуд, ки аз ҳар фанни таълимии компоненти А ва Б 10 саволиро ташкил медод. Санҷиш нишон дод, ки шунавандагон дар ҷавоб додани ин навъи саволҳои тестӣ душворӣ мекашанд. Намунаи саволҳо пешниҳод мегардад.

 

Cанҷиши фосилавии №1

Саволҳои пушида

1. Массаи молекулавии оксиди элементи севалента 158г аст. Ин кадом элемент аст?

2. Дар вақти сӯхтани 3г сулфур 6г оксид ҳосил шуд. Эквиваленти сулфурро ёбед.

3. Ҳиссаи массаи оксиген дар оксиди бор ба чанд баробар аст?

4. Дар таркиби 80 грамм сулфиди мис ( I ) чанд грамм мис мавҷуд аст?

5. Пайвастаи гидроген бо фтор 5% гидроген дорад. Формуларо муайян намуда массаи молекулавии онро ҳисоб кунед.

6. Кислотаи номаълум аз 2,2% гидроген, 55,7% йод ва 42,1% оксиген таркиб ёфтааст. Формулаи молекулавии кислотаро ёбед.

7. Валенти хлорро дар пайвастагии Mg(ClO2)2 муайян кунед.

8. Чанд фоизи таркиби оҳаксанг (СаСО3) –ро ғайриметаллҳо ташкил медиҳанд?

9. Се атоми алюминий аз ду молекулаи оксиген чанд грамм вазнинтар аст?

10. Масссаи умумии атомҳои чор элементи химиявиеро, ки номашон сеҳарфа аст, ёбед.

 

БИОЛОГИЯ

1. Решаи иловагӣ аз кадом қисм месабзад?

2. Масома чӣ вазифаро иҷро мекунад?

3. Навдаи инкишофнаёфтаи ҷанинро чӣ меноманд?

4. Дар зулф чӣ гуна рагронӣ дида мешавад?

5. Дар раванди фотосинтез кадом газ хориҷ мешавад?

6. Наскакҳо дар кадом қисми поя дида мешаванд?

7. Ба воситаи рагҳои туршакл чӣ ҳаракат мекунад?

8. Сабзиши поя ва баргро кадом нурӣ метезонад?

9. Гулпуши гули лола чӣ гуна аст?

10. Кадом растаниҳо масома надоранд?

 

ФИЗИКА

1. Дучархасавор (велосипедрон) бо суръати 10 м/с равон аст. Агар шитоби ӯ 2,5 м/с2 бошад, суръати ҳаракати вай пас аз муддати 3 с чанд м/с мешавад?

2. Қатора агар аз ҷойи исти худ ба роҳ барояд ва бо шитоби 0,3 м/с2 ҳаракат кунад, баъди 50 с чӣ қадар суръат мегирад?

3. Мошин роҳи Душанбе – ноҳияи Айниро, ки 105 км аст, бо суръати 52,5 км/ст мепаймояд. Мошин баъди чанд соат ба ноҳияи Айнӣ мерасад?

4. Ба дохили лӯлаи шишагин оҳанпора, пари паранда ва пӯкро гузошта, ҳавои дохили онро кашида гирифтанд . Агар лӯларо чаппа кунанд, кадом ҷисм ба танаи лӯла тезтар меафтад.?

5. Ҳангоми канда шудан аз Замин тайёра бо шитоби 10м/с2 парвоз мекард. Баъди чанд вақт пас аз оғози ҳаракат суръати тайёра ба 180 м/сбаробар шуд.    

6. Ҳангоми якбора бозистодани автобус мусофирони дар он нишаста ба кадом самт майл мекунанд.

7. Варзигар баъди 30 с аз оғози ҳаракат бо шитоби 0,1 м/с2 давида истодааст. Суръати ибтидоии ӯ 0,5 м/с буд. Суръати интиҳоии варзишгарро муайян кунед.

8. Дар чӣ қадар вақт рӯшноӣ аз Офтоб ба сатҳи Замин меафтад? Суръати рӯшноиро дар ҳаво   қабул кунед. Масофаи миёнаи байни Замин ва Офтоб км аст.

9. Варзишгар ҳангоми давидан дар 20 с чӣ қадар масофаро тай карда метавонад, агар бо шитоби 1 м/с2 давад? Суръати ибтидоии варзишгар ба сифр баробар аст.

10. Троллейбус бо суръати 36 км/ст ҳаракат мекунад. Ронанда дар кадом масофа то истгоҳ бояд ба тормоздиҳӣ шурӯъ кунад,то ки шитоби ба трейллобус бахшидаи ӯ аз 1 м/с2 зиёд нашавад?

 

                                                                                          Маркази омодагии қаблӣ

 


27.10.2018     58