Давраи якуми имтиҳони ҳатми давлатии донишҷӯёни курси 6-ум ва бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ оғоз гардид

Давраи якуми имтиҳони ҳатми давлатии донишҷӯёни курси 6-ум ва  бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ оғоз гардид

Рӯзи 2 майи соли 2019 давраи якуми имтиҳони ҳатми давлатии донишҷӯёни курси 6-ум ва бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ ба тавре OSCE (имтиҳони муќаррарии сохторшудаи клиникии) оғоз гардид. 

Устодони кафедраҳои клиникӣ якҷоя бо мутахассисони Марказ чорнафара дар ҳар шаш ҳуҷраи таълимӣ (станция) - акушерӣ-гинекология, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, тибби оилавӣ – имтиҳонро қабул мекунанд. Дар ҳар як ҳуҷраи таълимӣ дар давоми панҷ дақиқа онҳо масъалаҳои ситуатсионӣ аз фанҳои дар боло зикршуда бо истифодабарии манекенҳову муляжҳо ё беморони симулятсионӣ (аз ҳисоби ҳамкурсонашон) малакаю маҳорати худро нишон медиҳанд. Баҳодиҳӣ то 5 ҳол аз ҳар як стансия, дар маҷмуъ то 30 ҳол гузошта мешавад. Аъзои комиссияи аттестатсиониии имтиҳони ҳатми давлатӣ аз рафти супоридани имтиҳон ҳамарӯза назорат мекунанд.

Ҷ.Н. Усмонов,  директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ


5
4
3
2
1
06.05.2019     15