Дарси кушод

Дарси кушод

Дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ бо дастгирии мудири кафедра н.и.т Ғаниева М.Т дар факултети педиатрӣ дарси кушоди амалӣ доир ба мавзӯъи “Бемории саръ ва аломатҳои ихтилоҷӣ” гузаронида шуд.

Дар ин дарси кушоди амалӣ намоянда аз донишгоҳ Бегиҷонов Нодир мутахассиси шӯъбаи тарбия ва фарҳанг иштирок дошт. Инчунин омӯзгорон ва ординаторону интернаҳо дар ин ҷамъомад бо мароқи том маърузаро мавриди омӯзиши худ қарор доданд.

Дар қисмати назариявии дарси амалӣ донишҷӯён оиди сабабҳо, патогенез, клиника, ташхисоту табобат маълумот доданд ва аз тарафи омӯзгор мавзуъ муфассалтар матрањ гашт. Дар қисмати дарсе, ки бахшида ба нишонаҳои клиникӣ буд, худи донишҷӯён хуруҷи саръии паҳншуда ва манбавиро тақлид намуданд. Донишҷӯён бо истифодаи овезаҳо ва мултимедия мавзӯъи дарсиро ба ҳозирон баррасӣ намуданд. Дар охир аз тарафи мудири кафедра ва омӯзгорон дарси кушоди амалӣ таҳлил ва муҳокима карда шуда, тавсия ва фикру мулоҳизаҳои худро баён гардид.

Кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ


11.10.2018     82