ДАР ПОЙГОҲИ МТБ – ОКСБ СЕМИНАРИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ ТКО БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ПОЙГОҲИ МТБ – ОКСБ  СЕМИНАРИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ ТКО БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар пойгоҳи МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ БАЪДИДИПЛОМӢ (МТБ) – ОЗМОИШГОҲИ КИШТИ СЕЛУЛЛАҲОИ БУНЁДӢ (ОКСБ)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино санаи 21. 11. с.2020 таҳти роҳбарии омӯзгор Наврузбекова С.А. барои шунавандагони курси ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ (ТКО) семинар дар мазӯи   «Физиологияи заҳраҳосилкунӣ ва усулҳои ташхиси он» баргузор гардид.

Дар семинар 4 гурӯҳ (6 нафарӣ) – 24 нафар иштирок намуданд. Дар семинари мазкур оид ба мавзӯи асосӣ Ҷӯраев Имомудин (ш. Исфара ) бо презентатсия баромад намуд. Инчунин илова ба баромади асосӣ шунавандагон: Ҳайдаров Н. (ш. Ваҳдат) дар мавзӯи «Аҳамияти клиникии заҳра», Ғафуров Д . (н. Б. Ғафуров) дар мавзӯи «Тарзи усули ҷамъоварии заҳра», Ҳотамқулов Акрам (ш. Ваҳдат) дар мавзӯи «Усули се лаҳзагӣ», Каримов И. (ш. Истаравшан) дар мавзӯи «Усули бисёрлаҳзагӣ» ва дигарон бо презентатсияҳои омода намудаашон баромад намуданд. Шунавандагони курси «Ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ» тавассути китобхонаи донишгоҳ аз адабиёти таълимӣ пурра таъмин мебошанд. 

Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ

н.и.т., профессори фахрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  -  Гадоев Б.Ш.


26.11.2020 222