Чорабинии судбахш дар МОҚ

Чорабинии судбахш дар МОҚ
Дар Маркази омодагии қаблӣ бахшида ба рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории (ВИЧ/СПИД) рузи 30 ноябр ҷамъомад гузаронида шуд. Чорабинӣ бо ташаббуси омӯзгорони фанни биологияи Марказ Баҳромов А.М. (н.и.б., дотсент), Наврузшоева Г.Х. н.и.б, Наботов М.М., Қодирова З.З., Шарипова Д.А. ва Боякова З.Д. ташкил карда шуд. Шунавандагон дар бораи таърихи беморӣ, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии бемории ВНМО маъруза карданд. Инчунин доир ба ин беморӣ эссе гирифта шуд, ки дар навиштани он шунавандагон фаъолона иштирок намуданд. Дар охир викторинаи биологӣ ва эссе ҷамъбаст карда шуда ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази омодагии қаблӣ

03.12.2019 194