Бозии таълимию-маърифатӣ дар кафедраи физиологияи нормалӣ

Бозии таълимию-маърифатӣ дар кафедраи физиологияи нормалӣ

Санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бори аввал бозии таълимию-маърифатии «Саёҳати шавқовар ба олами вазифаҳо» баргузор гардид. Дар бозӣ 21 гурӯҳ, ки ҳар яки он аз 5 нафар донишҷӯён иборат буд иштирок намуданд. Даври аввал омодагӣ ном дошт. Барномаи мазкурро профессори кафедраи физиологияи нормалӣ, д.и.т. Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич роҳнамоӣ кард. Аз рӯи қуррапартоӣ ҳар як гурӯҳ ба саҳна баромада билетҳое, ки аз се савол иборат буд гирифтанд. Дар давоми як дақиқа гурӯҳҳо саволҳоро муҳокима намуда, баъдан сардори гурӯҳ ба саволҳо ҷавоб дод. Дар даври омадагӣ гурӯҳ метавонист ҳамагӣ се холро ба даст орад. Панҷ гурӯҳ се холӣ, панҷ гурӯҳ ду холӣ ва 11 гурӯҳ як холро сазовор шуданд. Сардорони гурӯҳҳое, ки ду холиро ба даст оварданд дар охири бозӣ ба саҳна даъват шуда, ба ҳар кадоми онҳо як саволи дода шуд. Ҳамаи сардорон ба саволҳо дуруст ҷавоб дода ба қатори ғолибон дохил шуданд. Барои гурӯҳҳои ғолиб гардида ба даври навбатӣ, ки дар моҳи ноябр баргузор мегардад рохат ёфта, ин донишҷӯён метавонанд саёҳати боз ҳам шавқовартарро дар олами вазифаҳои организм гузаронанд.


Шукуров Ф.А., д.и.т., профессори кафедраи физилолгияи нормалӣ


12.10.2018 104