Баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии истифодабарандагони китобхонаи илмӣ

Баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии истифодабарандагони китобхонаи илмӣ

       Аз 13 октябри тибқи нақша барои донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳои гузаронидани дарс аз фанни «Баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии истифодабарандагони китобхонаи илмӣ», оғоз гардид. Дарс дар   толори   «Медиатека»гузаронида мешавад.

      Донишҷӯёнро бо қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхона, сипас тариқи боздид(экскурсия) бо толорҳои «Синошиносӣ»,»Толори илмӣ»,»Толори матбуоти даврӣ» ва шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ шинос намуда, дар фаровард дар толори «Медиатека» презентатсияи портали КИ, кор бо саҳифаҳои сомона ва пойгоҳхои маълумотии феҳристи электронӣ, гузаронида мешавад.

    Қобили қайд аст, ки гузаронидани фанни мазкур талаби замон буда, аз донишҷӯён мустақилиятро дар пайдо намудани маводи зарурӣ тақозо менамояд. Ва он чи хуш аст, ки иқдоми мазкур аз тарафи донишҷӯён ва устодон хуб пазируфта гардида, боиси таърифу таҳният гардидааст, зеро минбаъд донишҷӯён худ мустақилона метавонанд,маводи заруриашонро дастрас намоянд ва аз навгониҳои соҳаи тиб бархурдор гарданд.

                                                                                                                                                                                                                    

      Китобхонаи илмӣ

 

 


23.10.2018 104