Анҷоми санҷиши амалӣ барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ

Анҷоми санҷиши амалӣ барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ

Рӯзҳои 15-25 январи соли 2019 дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникии) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ баргузор гардид. Санҷиш ба се забон гузаронида шуд – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ. Донишҷӯёни курси 6-ум аз шаш фанни омӯзишӣ малакаю маҳорати худро нишон доданд - акушерӣ ва гинекология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, тибби оилавӣ, анестезиология ва реаниматология. Устодони кафедраҳои клиникӣ ва мутахассисони Марказ фаъолона иштирок намуданд. Ҳар як санҷишгиранда масъалаи ситуатсионӣ дошт. Масъалаи ситуатсионӣ ҳамарӯза иваз мешуданд. Дар ҳар як ҳуҷра таълимӣ донишҷӯён ҳамагӣ ҳашт дақиқа барои ҳал кардани масъалаи ситуатсионӣ доштанд. Баҳодиҳӣ аз рӯи чор критерия гузошта мешуд:

1. ҷамъ кардани анамнези бемор;

2. гузаронидани муоина, тадқиқот ва гузоштани ташхис;

3. таъин кардани нақшаи табобат;

4. маҳорати муоширатӣ.

Рафти санҷишро ҳамарӯза Раиси комиссия, проректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., сардори шуъбаи таълим, д.и.т., профессор Ҳоҷаева Н.М., муовини раиси комиссия, муовини сардори шуъбаи таълим, н.и.т. Мирзоев Ҳ.М., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, н.и.т., дотсент Носиров Қ.Н., сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Қаландарзода Ё., декани факултети тиббӣ д.и.т. Муҳаббатов Ҷ.Қ., назорат намуданд.

 

Ҷ.Н. Усмонов, директори

Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ


1
2
3
4
5
6
30.01.2019     90