Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети стоматологӣ

Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети стоматологӣ

Санаи 8 феврал дар бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи Шӯрои олимони факултети стоматологӣ баргузор гардид. Нахуст раиси Шурои олимон Иброҳимов Ю.Ҳ. донишҷӯи курси чоруми факултет Давронов Давронҷон Зиёдуллоевичро, ки бо баҳои аъло дар донишгоҳ таҳсил менамояд ва бо дастури Ректори донишгоҳ узви Шӯрои олимони факултет гардид, ба аъзоёни Шӯрои олимони факултет шинос намуд. Сипас Раиси Шурои олимони факултет масъалаҳои дар ҷаласа пешбинӣ шударо матраҳ сохт. Дар ҷаласа озмуни интихоби ассистентҳои кафедраҳои офталмология ва оториноларингология доир гашт. Масъалаи дигари ҷаласа оиди ҷараёни корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия буд, ки дар ин хусус мудири кафедра н.и.т. Якубова З.Ҳ. баромад намуд. Сипас раиси Шӯрои олимони факултет суханронӣ намуда, дар бораи натиҷаҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 маърӯза намуда, аз мудирони як қатор кафедраҳо сабаби паст будани сифати таълимро пурсон шуд. Инчунин дар ҷаласа доир ба омода намудани факултет барои гузаштани аккредитатсияи байналмилаллӣ, омода намудани стратегияи рушди факултет, баланд бардоштани сатњу сифати таълим, дараҷаи дарсазхудкунӣ ва давомоти донишљўён дар семестри баҳории соли тањсили 2018-2019 маслиҳатҳои муфид дода шуд. Дар масъалаҳои гуногун дотсент Субҳонов С.С. оиди баланд бардоштани сифати таълим ва камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе аз кафедраҳои тахассусӣ суханронӣ намуд.

 

Ю.Ҳ. Иброҳимов, декани факултети стоматологӣ, н.и.т. 


14.02.2019     78