Ҷаласаи Шӯрои олимони факултаи НТҶ

Ҷаласаи Шӯрои олимони факултаи НТҶ

Рӯзи 31 январ ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултаи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ баргузор гашт.

Нахуст раиси шӯрои олимони факулта, дотсент Б.И.Саидзода натиҷаи имтиҳоноти зимистонаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зимни суханронӣ фаъолияти таълимӣ-методӣ ва тарбиявии кафедраҳои марбути факултаро ба таври васеъ шарҳу тафсир намуд.

Сипас ахбори мудири кафедраи фармакология, дотсент Урунова М.Ф. ва мудири кафедраи фтизиопулмонология, д.и.т., профессор Сангинов А.Б оид ба амаликунии низоми кредитии таҳсилот, дарсазхудкунӣ, давомот, корҳои тарбиявӣ ва илмӣтадқиқотии донишҷӯён дар кафедраҳои номбурда шунида шуд. Дар Шӯрои олимони факулта пурсиши донишҷӯён дар мавзӯи «Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ» мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар ин масъала сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шарипов Қ.О. баромад намуд.

Дар ҷаласаи шӯрои олимони факулта дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти илмию таълимии факулта мавриди муҳокима қарор гирифтанд.           

       Деканати факултаи НТҶ



07.02.2019     98