ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Дар ҷаласаи навбатии шӯрои таълимии донишгоҳ, ки таҳти роҳбарии раиси Шӯрои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. баргузор гардид, масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуданд:
Ахбороти мудири китобхонаи илмии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
1. Силабуси электронӣ
2. Усулҳои омӯзиши омӯзгори пешрафта дар муассисаҳои олии тиббӣ.
3. Тасдиқи коркардҳои методӣ.
4. Масъалаҳои ҷорӣ
Маҷлисро раиси Шӯрои таълимӣ-методӣ Ибодзода С.Т. оғоз намуда ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи навбатии ШТМ шинос намуданд. Аз рӯи масъалаи 1-ум директори китобхонаи илмии донишгоҳ Хайруллоева Саломат Эргашевна бо презентатсияи пурмуҳтавои худ “Таъминотнокии раванди таълим дар кафедраҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” баромад намуда қайд намуданд, ки кафедраҳои донишгоҳ бо адабиёти таълимӣ 100%, таъмин мебошанд, яъне дар ҳар як кафедра аз 1 то 7 номгӯй адабиёт ва дастурҳои таълимӣ ба забони давлатӣ мавҷуд мебошад, ба ғайр аз фанҳои садамаи омехта, ҷарроҳии инноватсионӣ, биотехнологияи фарматсевтӣ, назарияи иқтисодӣ ва ҳуқуқ.
Оиди масъалаи дуюм Фаррух Бақоев баромад намуда, оид ба силабуси электронӣ суханронӣ намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон, дар шароити ҳамгироии таҳсилоти ҷаҳонӣ ва ҷаҳонишавӣ, аҳамияти омӯзиши усулҳои гуногуни таълим барои омӯзгорони "пешрафта” эътироф шудааст, ки вобаста ба усулҳои омӯзиши омӯзгори пешрафта дар муассисаҳои олии тиббӣ аз тарафи Тоштемирова З.М. презентатсия карда шуд. Инчунин, дастур ва дастурамалҳои пешниҳодгардида аз кафедраҳои донишгоҳ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
19.02.2020 199