Ҷаласаи навбатии шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ

Ҷаласаи навбатии шӯрои илмӣ-методии  донишгоҳ

    Санаи 27-уми ноябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Шӯрои илмӣ-методӣ муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодов С.Т. ва аъзоёни Шӯрои илмӣ-методӣ (ШИМ) ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

      Дар Шӯрои илмӣ-методӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1.     Ахборот оиди фаъолияти ШИМ-и тахассусии фанҳои умумитаълимӣ ва терапевтӣ;

2.     Тасдиқи коркардҳои методӣ;

3.     Масъалаҳои гуногун.


    Ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методиро муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодов С.Т. оғоз намуда, суханро оиди масъалаи якум ба раисони ШИМ-и тахассусӣ доданд. Раиси ШИМ-и тахассусии терапевтӣ Мустафоқулова Н.И. ва раиси ШИМ-и тахассусии фанҳои умумитълимӣ Шерматов Д.С. баромад намуданд.

   Аз тарафи сардори шуъбаи таълим д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. пешниҳод гардид, ки барои акредетатсияи байналмилалӣ таҳияи маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методӣ бо се забон, дар кафедраҳои клиникӣ варақаи баҳогузорӣ, малакаҳои амалӣ аҳамияти ҷиддӣ дода,   таҳия карда шаванд.



28.11.2018     53