Ҳафтаи дастрасии кушод ба захираҳои иттилоотӣ

Ҳафтаи  дастрасии кушод ба захираҳои   иттилоотӣ

Аз санаи 07 то 12-уми январи соли 2019 дар Медиатекаи китобхонаи илмии донишгоҳ тибқи ҷадвали тасдиқгардида барои омӯзгорони кафедраҳо тренинг дар мавзӯи: “Ҳафтаи дастрасии кушод ба захираҳои   иттилоотӣ” оғоз гардид. Барномаи тренинг иборат аз презентатсияи сомонаи китобхонаи илмии донишгоҳ, кор бо саҳифаҳои сомонаи китобхонаи илмӣ http://sinolib.tj/, роҳҳои ҷустӯҷуи иттилоот дар пойгоҳҳои маълумотии феҳристи электронии китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, презентатсияи китобхонаи илмӣ-электронии eLIBRARY.RU , тарзи бақайдгирии истифодабарандагон ва роҳҳои ҷустӯҷуи иттилоот дар eLIBRARY.RU, иборат аст. 

Дар тренинг омӯзгорони кафедраҳои анатомияи патологӣ, гистология, биология, забони русӣ, микробиология, кимиёи биорганикӣ фаъолона иштирок намуданд.

Омӯзгорони кафедраҳо бо захираҳои иттилоотӣ ва дастгоҳҳои ҷустуҷуӣ-иттилоотӣ шинос гардида, аз тарафи кормандони китобхонаи илмӣ машваратҳо дода шуда, тарзи ҷустуҷӯи иттилоотро дар феҳристи электронии китобхона омӯзонданд. Инчунин омӯзгорони кафедраҳо дар китобхонаи илмӣ-электронии eLIBRARY.RU ба қайд гирифта шуда, роҳҳои ҷустуҷуи иттилоот ба онҳо омӯзонида шуд.

 

Китобхонаи илмӣ

 


17.01.2019     84