Қабули имтиҳон дар шакли шифоҳӣ

Қабули имтиҳон дар шакли шифоҳӣ

      Дар Маркази омодагии қаблӣ бори аввал имтиҳонҳои ҷорӣ ба таври даҳонӣ ё шифоҳӣ гузаронида шуд. Мақсади дар чунин шакл ташкил кардани имтиҳонҳо дар он аст, ки таҳлили вариантҳои имтиҳонии ММТ нишон дод, ки масалан, дар фанни химия аз 25 савол қариб 17-18 саволи он донистани мафҳум, қоида, назария ва қонунҳои асосии химиявиро талаб менамояд. Имтиҳон аз рӯйи руйхати тасдиқгардида фориғ аз дарсҳо гузаронида мешавад. Шахсоне, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд такроран бояд имтиҳон супоранд. Натиҷаи имтиҳонҳо ошкор сохт, ки нутқи шифоҳии шунавандагон ҳанӯз ҳам мувофиқи матлаб нест. Бинобар ин, ба омӯзгороне, ки дар ин гурўҳҳо вобастаанд, супориш дода шуд, ки то имтиҳони такрорӣ машғулиятҳои иловагӣ ташкил намоянд. Таҳлили имтиҳонҳои шифоҳӣ ошкор сохт, ки дар доираи як билети имтиҳонӣ ба дониш ва маҳорату малакаи шунаванда баҳои реалӣ дода намешавад. Ташкили чунин имтиҳонҳо вақти зиёдро талаб намуда, дониши реалии шунавандаро нишон дода наметавонад ва ин боиси норозигии шунавандагон мегардад. Яъне ташкили имтиҳонҳои шифоҳӣ дар шароити имрӯза мувофиқи матлаб нест.

 

Маркази омодагии қаблӣ


08.12.2018     50