Вақти он аст, ки ману ту ватанамонро аз сил пок созем!

Вақти он аст, ки ману ту ватанамонро аз сил пок созем!

Санаи 25 апрели соли равон бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мавзеи “Деҳа”-и Боғи Ирами шаҳри Душанбе дар мавзӯи бемории сил таҳти унвони “Вақти он аст, ки ману ту Ватанамонро аз сил пок созем!” чорабинии фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои марбутаи он, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байналхалқии муҳоҷират, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ташкилотҳои “Ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон”, “Духтурон бидуни марз”, лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон, Каритас Люксембург, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони ватанӣ,  сохторҳои дахлдор, шахсони маъруфи соҳаи санъату синамо, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, донишҷӯёни факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма  иштирок намуданд.

Чорабиниро Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки  “Мавзӯи бемории сил дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Самараи талошу тадбирҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандист, ки ҳоло сатҳи сирояти бемории сил дар кишвар коҳиш ёфта, табобати он боз ҳам беҳтару дастрастар гардидааст. Бо дарназардошти ин ва дигар омилҳо метавон умед баст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз бемории сил пок мешавад.”

Ҳамзамон, Аслиддин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” дар чорабинии мазкур суханронӣ намуда, талошу тадбирҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати хотимаи сил, оиди вазъи эпидемологии бемории сил дар кишвар, дастовардҳои зиддисилии соҳаи тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои марбути ин беморӣ ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба муборизаи якҷоя бар зидди бемории сил даъват намуд.

Дар баробари меҳмонон аз сохторҳои мухталиф, ҳамзамон қаҳрамони асосӣ, шахси аз бемории сил шифоёфта Моҳсафар Обидова дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз муборизааш бар зидди бемории сил ба ҳозирин қисса кард. Ӯ дар муроҷиат ба шахсони  гирифтори бемории сил иброз дошт, ки қоидаҳои табобатро пурра риоя намоянд, сабру иродаи қавӣ дошта бошанд, то ба бемории сил пирӯз шаванд.

Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҳозиринро  ба чорабинӣ хайрамақдам гуфта, аз иштирок ва  мусоидати намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳамкорон дар татбиқи барномаҳои зиддисилӣ ва дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти бемории сил фаъолияткунанда изҳори сипосу хушнудӣ кард. Ҳамчунин, омодагии Ҳамкории боздошти сил ва дар симои он омодагии ташкилотҳои ҷамъиятии самти мубориза бар зидди бемории силро дар мусоидат ба раванди таҳияву татбиқи барномаву стратегиҳои миллии ҷадид эълон дошта, аз иштирокдорон ва дигар сохторҳои дахлдор тақозо намуд, то баҳри хотимаи сил дар кишвар талошу ҷаҳди беш аз пеш зоҳир намоянд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур ҳунарманди маъруф Нурулло Абдуллоев, ҳунарманд ва овозхони ҷавон Музаффар Шодиев ва ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар иштирок ва бо баромадҳои хеш ба чорабинӣ рангу таровати тоза бахшида, омодагии доимии хешро ҷиҳати иштирок дар раванди мубориза бар зидди бемории сил изҳор доштанд.

Дар бахши иттилоотӣ-маърифатии чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо рӯнамоии лоиҳаҳо маърӯза намуда, бо ҳамин васила нақши ҷавонон-донишҷӯёнро дар афзоиши сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оиди бемории сил, рафъи табъизу доғгузорӣ нисбати шахсони гирифтори бемории сил ва оилаҳои онҳо ва таъмини кумаку дастгирии равониву иҷтимоии шахсони мубталои сил инъикос карданд. Дар анҷоми бахш меҳмонон ба лоиҳаву дониши тиббии донишҷӯён баҳои баланд дода, иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳову сертификати Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.

Дар рафти суханронии худ овозхони маҳбуб ва Сафири ҳусни ният дар мубориза бар зидди бемории сил Шабнами Сурайё иброз дошт, ки бемории сил худиву бегона надорад ва вақти он аст, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, Ватани азизамонро аз ин вабои аср пок созем. Пасон, мавсуф барои болидагии хотири ҳозирин ҳунарнамоӣ карда, ба чорабинӣ зиннату шаҳомати дигар бахшид.

Донишҷӯёни иштирокчӣ дар поёни чорабинӣ дар мавзӯи бемории сил як саҳнаи импровизатсионӣ намоиш дода, аз ҷониби меҳмонон, мутахассисони соҳа ва ҳозирин баҳои баланд гирифтанд.

Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар ҳамкории зичу пайваста бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналхалқиву ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳо баргузории чунин чорбиниҳоро боз ҳам тавсеаву тақвият бахшида, мекӯшад беш аз пеш дар раванди мубориза бар зидди бемории сил боз ҳам фаъолтар бошад.

Сарчашма: moh.tj


9
5
2
8
7
6
4
3
1
01.05.2019     68