Олимон фоидаи нодири ангурро кашф карданд

Олимон фоидаи нодири ангурро кашф карданд

Пайвастагии фенолии ресвератрол барои мубориза бо бемории саратони шуш ёрии калон мерасонад.

Олимони Донишгоҳи Женева дар каламӯшҳои лабораторӣ таҳқиқоти аҷибро анҷом доданд. Онҳо калламӯшҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, муддати 26 ҳафта мавриди мушоҳида қарор доданд. Ба онҳо тавассути кансерогенҳои дуди тамоку таъсир расонда, ҳамзамон ба як қисми хояндаҳо табобат дар шакли ресвератрол гузарониданд. Маълум аст, ки ангур дар таркиби худ миқдори зиёди ресвератрол дорад.

Муқаррар гашт, ки дар 45%-и ҳайвонот, ки ресвератролро қабул намудаанд, омоси саратонӣ аҳёнан рушд карда, андозаи хурд доранд. Саратони шуш яке аз бемориҳои паҳншудатарин маҳсуб ёфта, 80%-и марги ин гуна беморон ба тамокукашӣ алоқамандӣ дорад.

Нашрияи Ворисони Сино


19.04.2019     110