Клиникаи уретропростатити хламидиявӣ

Клиникаи уретропростатити хламидиявӣ

Хламидиози урогениталӣ (УГХ) ба қатори яке аз паҳншудатарин сироятҳое дохил мешавад, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Механизмҳои алоқавӣ ва вертикали интиқоли барангезандаи ҷудо менамоянд. Механизми алоқавӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ҳангоми алоқаҳои гениталӣ-гениталӣ, гениталӣ-аналӣ ва оралӣ-гениталӣ ва бо роҳи ғайриалоқавии ҷинсӣ- сироятёбии маишӣ дар духтарон амалӣ мешавад. Механизм вертикалӣҳангоми сирояти антенаталии мардон – тавассути платсент ва интранаталӣ – ҳангоми таваллуд амалӣ мешавад. Яке аз сабабҳои муҳими афзоиши зиёди бемориҳои сироятии бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мавқеи пасти иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷиратро меҳисобанд. Дар мардон сирояти хламидиявиро дар 16-24% ҳолатҳо сабаби уретритҳои ғайригонококковӣ, дар занон дар 25-30% ҳолатҳо сабаби бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурд меҳисобанд. Мавҷудияти сирояти хламидиявӣ дар одамони аз 25 сол хурдтар ошкор гардидааст.

Зуҳуроти клиникии хламидиоз дар мардон гуногун ранг буда, дар замони ҳозира шубҳае нест, ки ҷараёни дурударози сирояти урогениталӣ оризаҳоро бо худ мегирад. Ба шумори чунин оризаҳо уретрити музмин ва простатит дохил мешаванд, ки бе муолиҷа мумкин аст ба безурриётӣ бурда расонанд.

Бо мақсади пешбурди таҳқиқот мо 60 нафар мардони бемори уретропростатити хламидиявии (ХХУ) синну соли аз 18 то 48-соларо таҳти муоина қарор додем. Муҳоҷирони меҳнатӣ 32 бемор, муваққатан бекор – 16, соҳибкорони хусусӣ – 12, хизматчиён – 5, коргарон- 6, хизматчиёни ҳарбӣ – 4 нафар буданд. Давомнокии аз ним сол зиёди беморӣ дар 15 бемор, аз 1то 2 сол –дар 24, зиёда аз 2 сол дар 36 нафар ба қайд гирифта шуд. Ташхиси уретропростатит дар асоси анамнез, маълумотҳои клиникӣ ва лабораторӣ, инчунин усулҳои таҷҳизотии муоина гузошта шуд. Тавассути усули микроскопияи нурӣ шиддатнокии раванди илтиҳобӣ ошкор карда, дигар бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда соқит карда шуд. Ҳамчун мавод моддаҳои аз пешоброҳа ва тарашшуҳоти простата хориҷшаванда истифода гардид.   Муоина дар препаратҳои нативӣ ва ҳангоми калонкунонии препаратҳое, ки бо метилени кабуд ва бо усули Грам ранг карда шудааанд, гузаронида шуд. Агар дар малҳами таҳқиқшуда 5 ё зиёда аз он лейкоситҳои полиморфӣ-ядроӣ ба чашм расад, ташхиси уретрит аз ҷиҳати микроскопӣ тасдиқшуда ҳисоб карда шуд[5, 12]. Мавҷудияти 10 ва зиёда аз он лейкоситҳо ҳангоми биниш ҳамчуни аломати илтиҳоби ғадуди простата баҳогузорӣ карда шуд. Миқдори доначаҳои летситинӣ меъёри баҳогузории фаъолнокии функсионалии ғадуд қабул гардид. Верификатсияи ташхиси сирояти урогениталии хламидиявӣ бо ёрии реаксияи занҷирии полимеразӣ (РЗП) ё реаксияи иммунофлуоресценсияи мустақим (ИФМ) бо   антителҳои моноклоналӣ гузаронида шуд.

Таҳқиқоти трансректалии ултрасадоии (ТТУС) ғадуди олоти таносул дар дастгоҳи Aloka SSD-500 бо истифодаи датчики трансректалӣ гузаронида шуд.

Муоинаи бактериоскопии андудаи (мазка) пешоброҳа дар беморон нишон дод, ки миқдори лейкоситҳо дар майдони биниши таҳқиқшуда аз нишондодҳои гурӯҳи назоратӣ 4, 9 маротиба (16,44±1,05 – дар гурӯҳи асосӣ 3,34±0,23 – дар назоратӣ Р<0,001) зиёд аст. Дар тарашшуҳоти ғадуди олоти таносул миқдори лейкоситҳо дар беморон нисбат ба нишондодҳои гурӯхи назоратӣ 3,1 маротиба (23,26±1,25 дар беморон, 7,17±0,43 – дар гурӯхи назоратӣ, Р<0,001) зиёд мебошад. Миқдори муътадили доначаҳои липоидӣ дар 33 бемор (55%) ва миқдори на он қадар зиёд дар 27нафар (45%) мавҷудияти тағйиротҳои илтиҳобӣ дар ғадуди олоти таносули беморонро тасдиқ кард. Ташхиси простатит дар ҳамаи беморон тавассути муоинаи трансректалии ултрасадоӣ тасдиқ ёфт.       

Дар ҳамаи 60 нафар беморон бо усулҳои ПЦР, ПИФ-ташхис сирояти хламидиявӣ ошкор гардид, ки дар 39 нафари онҳо (65%) микст-сироят якҷояшавии ду ва ё зиёда ИППП) пайдо шуд. Микстсирояти ду ИППП дар 20 нафар (33,3%) бемрон, се ва ё зиёда аз он ИППП – дар 19нафар (31,7%) муайян гардид.

Шикоятҳои характери гуногун аз тарафи 41нафар (68,3%) баён гардид, боқимондаҳо 19 нафар (31,7%) бемор ягон эҳсосоти субъективиро қайд накарданд.

Маълум гашт, ки беморони уретропростатити хламидиявии музмин нисбатан бештар аз вайроншавиҳои дизурикӣ (65% больных), копулятивные дисфункции (61,7%), эҳсоси дардмандӣ (60%), ҷудокунӣ аз пешоброҳа (60%) шикоят доранд. Аз дискомфорт дар қисмати узвҳои таносул, часпиши лабҳои пешоброҳа, вайроншавии функсияҳои репродуктивӣ-безурриётӣ бошад хеле кам шикоят кардаанд.

Ҳангоми тафсилоти шикоятҳои дизурикӣ маълум гашт, ки беморонро бештар қатра-қатра чакидани пешоб баъди пешобкунӣ (53,3% беморо), эҳсоси пурра холӣ нашудани халтаи пешоб (51,7%), сӯзиш ё хориш дар пешоброҳа (45%) азият медиҳад. Мавқеи баъдиро бошад, рағбатҳои императивӣ ҳангоми пешобкунӣ, эҳсоси хала ҳангоми пешобкунӣ, пешобкунии душвор, пешобкунии бо танаффус, чакраҳои сусти пешоб ишғол менамоянд.

Омӯзиши муфассали эҳсоси дардмандӣ   дар беморони музмини ХХУ имкон дод, ки паҳншавиҳои гуногуни ин синдром муқаррар карда шавад. Варианти гениталии синдроми дарднокӣ, ки ба он дардҳои кунд дар ҷатан (промежность) бо ирридатсия дар қисмати болоинофӣ, пешоброҳа, тухмдонҳо характерноканд, дар   23 нафар (38,3%) беморон ба қайд гирифта шуданд. Варианти экстрагениталӣ – бо паҳншавии дард дар қисмати миён, чорбанд, қисмати дохилии миён, қад– дар 6 нафар (10%), омехта дар 7 нафар (11,7%) мушоҳида гардид.

Беморон бештар аз дарднокӣ дар ҷатан (30%), миён,(21,7%), болои ноф (13,3%) ва хоядон (13,3%) шикоят карда, баъзан аз дард дар пешоброҳа, рӯдаи рост, мақъад, қисмати дохилии миён ва қад изҳори нороҳатӣ мекунанд.

Вайроншавиҳои ҷинсӣ ва шаҳвонӣ дар байни зуҳуроти простатити хламидиявии музмин мавқеи муҳимро ишғол карда, ба сифати ҳаётии мардон таъсири амиқ мегузоранд. Аз самтҳои гуногуни функсияҳои шаҳвонӣ 37 (61,7%)-и беморон шикоятҳои гуногун пешниҳод намуданд. Ин шикоятҳо аз аломатҳои оддитарини зуҳуроти ин беморӣ сар карда то қатъшавии пурраи ҳаёти ҷинсиро дар бар мегиранд.

Аз маълумотҳои ба даст овардашуда айён гардид, ки дар байни вайроншавиҳои шаҳвонӣ беморонро бештар эрексия (дар 68,3% беморон), пастшавии либидо (61,7%), эякулятсияи пешазвақтӣ (65%) нороҳат сохта, баъзан аҳёнан аз оргазми дилгиру дарднок, дискомфорти баъди эякулятсия, эякулятсияи дарднок ва эрексияи дарднок шикоят мекунанд.

Қайд кардан лозим аст, ки эҳсосоти субъективӣ ва зуҳуроти воқеии уретропростатит дар аксари беморон суст намоён буданд. Онҳо дар аксари беморон баъди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, хӯрокҳои тунду сернамак, хунукии аз ҳад зиёд шиддат меёбанд. Хала ва сӯзиши начандон сахт дар пешоброҳа одатан ҳангоми пешобкунӣ, дар аксар ҳолатҳо дар бемороне мушоҳида гардид, ки ҷудокунии фасод дар пешоброҳаро доранд.

Ҳамин тавр, таҳлили таҳқиқотҳои гузаронидаи клиникӣ нишон медиҳанд, ки эҳсосоти субъективӣ, зуҳуроти воқеии клиникӣ дар беморони таҳқиқшудаи хламидиози урогениталии музмин бо гуногунрангии аломатҳо дар у 68,3% мизоҷон ва ҷараёни бе симптомӣ дар 31,7% беморон фарқ карда меистад.

Нашрияи Ворисони Сино


19.04.2019     104