Иштироки устодони донишгоҳ дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ

Иштироки устодони донишгоҳ дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ

Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 7-уми апрел чун “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” қайд гардида, бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Соли равон “Рӯзи умумиҷаҳони исаломатӣ” ба масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бахшида шудааст.

Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ чорабиниҳои мутаммарказонидашудаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуданд. Мақсади асосии чорабинии мазкур аз расонидани кӯмаки ройгони машваратии ташхисию табобатӣ ва пешгирикунанда ба аҳолӣ иборат буд. Дар чорабинии санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ дар назди Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология баргузоршуда, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ., кормандони муовинати муолиҷавӣ, устодон ва донишҷӯёни кафедраҳои клиникӣ иштирок намуданд. Аз тарафи китобхонаи илмии донишгоҳ намоиши китобҳо ва аз тарафи МТИИ «Фарматсия» намоиши гиёҳҳои шифобахш ва доруҳои истеҳсолшуда ташкил карда шуд.

Чунин чорабинии машваратӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон низ гузаронида шуд. Ба ашхоси ниёзманд устодони донишгоҳ докторони илмҳои тиб, профессорон Раҳмонов Э.Р., Абдураҳмонова Ф.М., Раззоқов А.А., Султонов Ш.Р., номзадҳои илмҳои тиб, дотсентон Узоқова У.Ҷ., Саидмуродова Г.М. ва Ҷумабоев Б.Ш. кӯмаки машваратӣ расониданд.  

Муовинати корҳои муолиҷавӣ


15.04.2019     131