Азхудкунии техникаи “Обияткашии холедох” барои натиҷагирии бахши фармакологияи эксперименталӣ

Азхудкунии техникаи “Обияткашии холедох” барои натиҷагирии бахши фармакологияи эксперименталӣ

Дар бахши фармакологияи эксперименталии Озмоишгоҳ барои натиҷагирии омӯзиши таъсири гепатопротектории маводи тадқиқотшаванда таҳти роҳбарии профессор Азонов Ҷ.А. корҳои илмӣ-тадқиқотии кӯтоҳмуддат дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (мушҳои сафед, 6 адад) азхудкунии техникаи “Обияткашии холедох (маҷрои умумии талхагузар) гузхаронида шуданд. Зери беҳискунии умумӣ бо буриши 6,0 см дар хати мобайнии шикам лапоротомия гузаронида шуд. Баъд аз ҷудо намудани холедох зери калонкунии оптикӣ (Лупа, калонкунӣ 2,5 мартиба) бо найчаи обияткашии диаметраш 0,2 мл обияткаши карда шуда, дар муддати 30,0 дақиқа 5,0 мл моеи шаффофи рангаш сабз (талха) хориҷ гардид. Талхаи хориҷгардида барои ташхиси биохимиявии он фиристода шуд. Дар оянда барои натиҷагирӣ баъд аз ворид намудани маводи тадқиқотшаванда обияткашии холедох гузаронида мешаванд.

                           Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


08.04.2019     151