Забони тоҷикӣ- мероси модар

Забони тоҷикӣ- мероси модар

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» санаи 04 октябри соли 2021 аз ҷониби муаллими тарбиявии кафедра Ашурова Н.П. дарси тарбиявӣ дар мавзӯи: «Забони тоҷикӣ- мероси модар» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 65 ва 70 гузаронида шуд. Донишҷӯён - Комилова З., Зевари С. ва Мелибоева М. барои ҷамъомадагон оид ба мавзӯъ маърӯзаи пурмазмунеро пешкаш намуданд.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил чун ҷон дар бадан аст. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз менамояд, аввалин каломи шеворо бо аллаи модар мешунавад ва бо ин навои фораму гушнавоз дунёи ҳастиро мешиносад. Он шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.

Забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон дар эҷодиёти Рӯдакии бузург, ки содаву фаҳмо эҷод шудаанд, ба забони назм даромадааст ва саҳми ин устоди бузурги каломи бадеъ дар ташаккули забони форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ хеле бузург аст. Ӯ эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағир дод ва назари илму адаби замонашро ба сӯи забони тоҷикӣ гузаронд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони бузурги тамаддуни башариро ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро омӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифа дорем, ки забони шевои модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.

Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷиrӣ поянда аст, то даме ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд» .

   Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


06.10.2021 28