Забони миллат-ҳастии миллат аст!

Забони миллат-ҳастии миллат аст!

Ҳамасола 5 –октябр рӯзи забони давлатӣ, ҷашн гирифта мешавад, ки он ба феҳристи   ҷашнҳои миллӣ   ворид   гардидааст.

Забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол буда, рушду   ташаккули пайвастаи   он   муҳимтарин   рамзи Истиқлолияти давлативу   сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ , пояи истиқлолҳои   кишварамонро зина ба зина вусъат медиҳад.

Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста - оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бо татбиқи пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.

Забони тоҷикӣ тибқи қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон   аз 22 июли соли 1989 таҳти рақами №150 « Дар бораи забон» муайян   кардааст, ки ҳамасола то соли 2009- ум таҷлили   он расман баргузор   мегардид ва ба тавсиб расонидани   қонуни нав аз 5 – октябри соли 2009   таҳти рақами №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин кадамҳои ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забони тоҷикӣ, асоси қонунӣ пайдо кард.

Забони тоҷикӣ сарнавишти зиёда аз 3-ҳазорсола дошта дар таърихи худ давра ба давра тағйиротҳои сиёсию фарҳангиро пушти сар   гузоштааст. Забони тоҷикӣ ба гуруҳи забонҳои ҳинду аврупоӣ мансуб буда, ватанаш кишварҳои Осиёи марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон мебошад. Забони тоҷикиро, то ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо номи забони дарӣ ё худ ҳамчун шеваҳои забони форсӣ номгирӣ менамуданд.

Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 28 млн нафар одам дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки аз он беш аз 9 млн дар Тоҷикистон, 5 млн дар Узбекистон, 10 млн дар Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик мебошанд.

Бо забони тоҷикӣ адабиёти таърихии зиёде то ба имрӯз омада расидааст, ки бо он олимон, шоирону адибони барҷастаи мо осори бебаҳои худро таълиф намудаанд. Забони шевое, ки бо он шуруъ аз Қофиласолори адабиёти   тоҷику   форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ эҷод кардаанд, муаррифкунандаи ҳақиқии   миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ ин ёдгории   маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи   таърихи   деринаи халқамон, инъикосгари   урфу   одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Ба ин маънӣ забони давлатӣ, бешубҳа таҷассумгари таърихи   пуршебу   фарози   халқи кӯҳанбунёди   тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму   миллати   дунё   ёдгории маънавиест , ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз   мушкилоту   монеаҳои гуногун гузаштааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони   сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ,   равобити   дипломатӣ , тиҷорат ва   дигар воситаҳои   иртибот қарор дорад.

Бояд таъкид намуд, ки нақши Пешвои миллат дар рушду густариши забони модарии мо бесобиқа аст. Ба гуфтаи Сарвари   давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати   тоҷик ҳаст, забони ӯ пойдор ҳаст». Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. "Мо бояд ба таърихи забони худ рӯй оварда, рӯзгори ҷавонӣ, даврони нашъунамо, авомили зояндагии камназир ва густаришу боландагӣ ва, албатта, сабабҳои шикасту заъфи онро аз ибтидо то имрӯз амиқтар омӯхта, зеботарин ва коромадтарин унсурҳои мавриди ниёзи даврони худро пайдо намоем, аз таҷрибаи ҳамзабонон, он чи ба табиати забони мо созгор аст, баҳра бардорем, қолабҳо ва унсурҳои суннатии вожасозиро бо истифода аз осори гузаштаи хеш фаъол созем, бори нуфузи забонҳои бегонаро, албатта, ҳар он чи таҳмилӣ аст, аз дӯш барандозем."- таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби «Забони миллат-ҳастии миллат».

Қайд кардан зарур аст, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ барои густариши ҳарчи   бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои   ҳаёт,   ғановати мунтазами   таркиби луғавии он, ҳамчунин ҳифзу   нигоҳ доштани   асолату покизагии забони давлатӣ    кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Зеро   бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳои миллат ва ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона   мебошад.

Турсунова З.-мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


04.10.2021 57