Забон - инъикосгари ҳастии миллат аст

Забон - инъикосгари ҳастии миллат аст

Огоҳ будан аз осори бузургони тоҷик, гиромӣ доштани арзишҳои сиёсии забони давлатӣ, бедору устувор намудани ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон аз муҳимтарин масъалаи имрӯзи кишвар аст. Забони форсӣ-тоҷикӣ дар давоми як давраи тӯлонии таърих, замони ҳукумронии муғулҳо дар Ҳиндустон ба яке аз забонҳои адабии давлатӣ табдил ёфта, дар ин давра осори бойи илмию адабӣ офарида шуд. Таъриху маданияти тоҷик як қатор олимону адибони забардасту шӯҳрати ҷаҳонидоштаро ба фарҳанги ҷаҳонӣ шомил кардааст, ки онҳо бо заковати ақлонӣ ва фаросати беназир ба хазинаи афкори умумиинсонӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Миллати мо аз он ифтихор дорад, ки имрӯзҳо осори пурғановати донишмандони тоҷик дар системаи таълимии як қатор донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон ворид ва мавриди баҳрабардорӣ гаштааст. Ҳусусан, навиштаҳое, ки бештар ҷанбаи ахлоқию маърифатӣ доранд, аз онҳо метавон шуҷоат, ҷасорат ва ватанпарастию худшиносиро омӯхт. Аз ҷумла, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Шифо”-и Сино, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Румӣ, “Сиёсатнома”-и Низом-ул-мулк, “Қобуснома”-и У. Кайковус, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ, “Наводир-ул-вақоеъ”-и А.Дониш, эҷодиёти Ҳофиз, Бедил, Хайём, Иқбол, Закариёи Розӣ ва дигарон. Ин осорҳо бо лаҳну гуфтори ширини тоҷикӣ интишор шудаанд.

Дар замони Шӯравӣ, забони русӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои он, аз ҷумла, Тоҷикистон низ забони давлатӣ буд. Хушбахтона, ҷавонмардони тоҷик тавонистаанд аз забони хеш ҳифз намоянд ва забони ноби тоҷикиро чун ҷавҳари асосии миллат нигаҳ доранд. Ҳабиб Юсуфӣ вожаи Ватан бар забон ба мудофиаи Ватан рафтаву бо ин ҳарф дар майдони муҳориба ҷонашро нисор кардааст. Бобоҷон Ғафуров бо ковишу пажӯҳишҳои худ ҳақиқати таърихи миллати тоҷикро бо нашр намудани китоби «Тоҷикон» ба оламиён муаррифӣ намуд, то таърихи фоҷеаангез, вале пурифтихори миллати тоҷик ва забони ӯро нодида нагиранд. Ҳар сатри сарнавишти ин миллати қадимаву куҳанбунёд саҳифаи заррини таърих аст, ки моломол аз мубориза, дарду армонҳо, шукуфоиву шикаст буда, авҷи фарҳангу фурӯравиҳо дар он ниҳон аст.

22 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Мақсад аз қабули қонун дар бораи забони тоҷикӣ, маҳдуд кардани дигар забонҳо набуда, баръакс омӯхтани дигар забонҳоро таъкид менамояд. Забондонӣ воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон ба шумор меравад.

Маънавияти олӣ ва забони иқтидорманд дар таърихи баъзе халқҳо ҳамеша ё дар баъзе марҳилаҳои муҳим омили сарнавиштсоз будааст. Хусусан агар аз саргузашти таърихии мардуми тоҷик хулоса бароварем, бояд бигӯем, ки асоси ҳастии миллат забон ва маънавият аст. Ҳастии миллат пеш аз ҳама дар маънавияту фарҳанг ифода ёфта, дар забон таҷассум меёбад. Фақат мавҷудияти моддӣ ва ҷисмонӣ нишони ҳастии инсон ва шахсе, халқеву миллате нест. Забон аст, ки нишонаҳои ҳастии мардумонро ба ҷилва меорад, ба худи онҳо ва дигарон намоиш медиҳад, барои устуворӣ ва ривоҷу равнақи ҳар кадоме аз он аломатҳо замина тайёр мекунад. Афзоиши иқтидору имконоти забон, масалан баёни нозук ва барҷастаи мафҳумҳои мураккаби фарҳангӣ, илмию фалсафӣ, адабию ҳунарӣ дар навбати худ боз барои амиқрафти маънавият роҳ ҳамвор мекунад. Ин аст, ки инкишофи забон ва маънавият сахт ҳамбастаи якдигар буда, ҳар ду чун оинаи ҳолати якдигар, ҳолати шахс ва миллатро намудор меоранд. Ҳамин вижагии маънавӣ ва забон аст, ки як халқро аз халқҳои дигар тафовут медиҳад. Мавқеи таърихии ҳар халқ вобаста ба он аст, ки маънавияти ӯ ба чӣ поя расидааст ва забонаш чи иқтидоре дорад, аз ягон ҷиҳат мазиятеро соҳиб аст ё не. Дар ин маврид то чи андоза аҳамияти калон доштани забон аз ин маълум мешавад, ки халқе дар натиҷаи як фоҷиаи бузурги таърихӣ муваққатан ё абадан, қисман ё тамоман аз тамаддуни олии худ маҳрум гардад ҳам, шояд ҷисман боқӣ хоҳад монд, бо каму кости бисёре бошад ҳам, ҳастии фарҳангии худро давом хоҳад дод, ба унвони воҳиди этникие вуҷуд хоҳад дошт, аммо... Аммо агар аз забони миллӣ маҳрум шавад, мансубияти миллии ӯ тағйир хоҳад ёфт ки таърих дар ин маврид мисоли зиёд дорад.

Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки он муборизаи сахти ҳазорсола чи дар давраҳои алоҳида ва чи дар ниҳояти кор бо пирӯзии маънавии тоҷикон, бо пирӯзии пурраи фарҳанг ва забони тоҷикӣ анҷом ёфт. Инро ҳам бояд таъкид кунем, ки чунин пирӯзӣ амале бо дараҷаи ниҳоят башардӯстона аст, зеро аввалан бидуни зӯроварию хунрезӣ сурат гирифта, сониян ба рӯи қавме аз фарҳанги тозае дарҳо мекушояд, ӯро ба пояҳои маданият мерасонад, ба фарҳанги онҳо бештар мазмуни маънавӣ бахшида, боиси устувортар шудани решаҳои ҳастии он мегардад. Чунин пирӯзӣ ба мардуми тоҷик чандин бор муяссар гардидааст. Ин пирӯзиҳои маънавӣ моҳияти таърихи тоҷиконро муайян мекунанд. Бешубҳа, сабаби асосии он ҳама сахтҷонӣ ва дарозумрии таърихии тоҷикон, ки алорағми ғосибони пурзӯри даҳшатангез зинда монданд ва фарҳангу забони худро ҳифз намуданд, он аст, ки бунёди маънавии ҳастии онҳо аз аввал бениҳоят қавӣ буд. Имрӯз, мо тоҷикон, бояд бидонем ва коре бикунем, ки ин неруи бузург ба ҷунбиш ояд ва мушкилкушои мо бошад.

Мусаллам аст, ки имрӯз дар айни камолоти ҷаҳонишавӣ фарҳанги муштарак дар ҳоли рушд аст. Ба вуҷуд омадани фарҳанги муштарак чунин маънӣ надорад, ки миёни фарҳангҳои миллӣ дигар сарҳаде намонад ва вижагии онҳо аз байн биравад. Не, наздикии фарҳангҳои миллӣ боиси маҳрумӣ аз чеҳраи хос нахоҳад гардид ва ҳар як халқ бояд вижагиҳои хоси фарҳангу маънавияти худ, роҳҳои рушду таҳаввул, инчунин ҳудуди таърихӣ ва имрӯзии онро бидонад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд ва дар шароити имрӯза аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки дар даврони 30соли соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешанд. Соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бояд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ шуд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Имрӯз вақти он фаро расидааст, ки ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар татбиқи кору вазифаҳо, ки дар «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидаанд, сидқан саҳм гузошта, дар амалисозии он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”


04.10.2021 67