Якшанбегӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри тозагию озодагӣ ва зебогӣ

Якшанбегӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри тозагию озодагӣ ва зебогӣ

Ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ рӯзи якшанбе 12-уми сентябри соли 2021 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар минтақаи ба донишгоҳ вобасташудаи шаҳри Душанбе якшанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Дар донишгоҳ рӯзи якшанбе, санаи 12-уми сентябри соли 2021 якшанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 600 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок карда, барои тозагию назофат ва зебою сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе, дар дохил ва саҳну гирду атрофи бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ, Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки Шифобахш, иншоотҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ дастаҷамъона ширкат варзиданд.

Дар якшанбегӣ дохил, саҳн, гулгаштҳою сабзазорҳои заминҳои донишгоҳ ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, бинои асосии маъмурию таълимӣ, Маркази Фармасевтӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахш, хобгоҳҳои №1-7-и донишгоҳ ва муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишери Навоии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе тозаю озода карда шуданд.

Инчунин, тибқи Нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби зиёда аз 200 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ рӯзи якшанбе, санаи 12-уми сентябри соли 2021 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Аз ҷониби онҳо дар минтақаи ба донишгоҳ вобасташудаи хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то Саид Носир роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ аз баргҳои хушкшударехтаи дарахтону партовҳо тозаю озода карда шуданд ва партовҳо бароварда шуданд.

Ҳашарҳои дастаҷамъонаю шанбегиҳо ва якшанбегиҳо ҳар ҳафта мунтазам давом дода мешаванд. Роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки пайваста саҳми худро дар тозаю озода ва зебою дилрабо нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, пойтахти ватани азизамон гузошта бошанд.

Хадамоти ректори донишгоҳ


16
15
14
13
12
11
10
09
08
07
06
05
04
03
02
01
12.09.2021 56