Вохӯрии Хезер Бакстер ва Чепта Девенпорти бо Гулзода Маҳмадшоҳ

Вохӯрии Хезер Бакстер ва Чепта Девенпорти бо Гулзода Маҳмадшоҳ

Дар асоси мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми сентябри соли 2018 доир ба гузаронидани семинари омӯзишӣ бо мураббиён-тренерон ва омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои амаликунии самаранокии таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ дар “Соли таҳсили клиникӣ” ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ дар доираи марҳилаи 3-юми Лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи фармоиши ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода М.Қ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ рӯзҳои 25-28-уми сентябри соли 2018 семинар-тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.


Мураббиён - мушовирони байналмилалии Лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз Донишгоҳи шаҳри Калгарии Канада профессорон Хээр Бахтер ва Чептер Дэвонопорт мебошанд. Дар кори семинар қариб сӣ нафар омӯзгори донишгоҳ ҳозир шуданд. Саминари мазкур оир ба усулҳою методологияи омӯзонидани малакаҳои амалию муоширатии касбӣ ба донишҷӯён, баҳодиҳӣ ба сифати маҳорати касбии донишҷӯён, низоми кредитии таълим ва усулҳои муосири таълимӣ (усулҳои интерактивӣ) баҳри тайёр кардани мураббиён-тренерон, баланд бардоштани сатҳу сифати донишу маҳорати касбии донишҷӯён дар таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббии донишгоҳ дар “Соли таҳсили клиникӣ” ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ гузаронида шуд. Меҳмонон-мураббиён аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.

Дар оҳир меҳмонони хориҷӣ ва кормандони намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори донишгоҳ, муҳтарам Гулзода М.Қ. ва аъзои Раёсати донишгоҳ вохӯрӣ доштанд. Ректори донишгоҳ барои ёрии бисёрсола ба мураббиён миннатдории беандоза изҳор намуда, қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориҳо боз ҳам густурдатар ба роҳ монда мешаванд.


Хотиррасон менамоем, ки намояндагии Донишкадаи тибби тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тӯли зиёда аз 10 сол ҳамкории зич менамоянд. Дар ин давра Намояндагии ДТТ ва ТҶШ дар ҶТ дастгирии ҳаматарафаи донишгоҳ барои баромадан ба сатҳу сифати байналмиллалӣ, гузаронидани ҳаргуна семинару тренингҳо барои устодони донишгоҳ, ба хариди маводҳои таълимӣ (муляжҳо, манекенҳо, таҷҳизоти таълимӣ) ва мебел, ба хариди ё чоп кардани адабиёти таълимӣ, ёрӣ ба рушди Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, дастёрӣ ба кафедраҳои тибби оилавӣ ва тандурустии ҷамиятӣ ва ѓайраҳо сарпарастӣ менамоянд.

 

Усмонов Ҷ.Н.

директори Маркази омӯзиши

малакаҳои амалӣ 



02.10.2018     96