Вохӯрӣ ва мулоқоти муовини вазири тандурустӣ ва ҲИА ҶТ, Раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, Ишкошими ВМКБ бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ, ки аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мебошанд

Вохӯрӣ ва мулоқоти муовини вазири тандурустӣ ва ҲИА ҶТ, Раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, Ишкошими ВМКБ бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ, ки аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мебошанд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баён доштанд ва вобаста ба Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ рӯзи 27 декабри соли 2018 таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. вохурӣ ва мулоқоти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед, Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ Раҷабзода С.Р., раиси ВМКБ Файзов Ё.Д., раисони ноҳияҳои Мурғоб Ҷошбаев М.А., Ишкошим Самадзода З. М., Дарвоз Абдураҳмонзода С.С. бо ҳамаи донишҷӯён, интернҳо, ординаторни клиникие, ки аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд ва омӯзгороне, ки аз шаҳру ноҳияҳи ВМКБ мебошанд, гузаронида шуд.

Кори ҷаласаро ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Гулзода М.Қ. ҳусни оғоз бахшида, меҳмонҳоро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Қайд намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи квотаи Президентӣ донишҷӯёни зиёд дар макотиби олӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, аз ҷумла дар донишгоҳи тиббӣ. Таъкид шуд, ки айни ҳол аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 214 нафар дар Донишгоҳ таҳсил карда истодаанд, ки аз ин шумора аз ноҳияи Дарвоз 35 нафар, ноҳияи Ванҷ 36 нафар, ноҳияи Ишкошим 20 нафар, ноҳияи Мурғоб 12 нафар, ноҳияи Роштқалъа 35 нафар, ноҳияи Рушон 31 нафар, ноҳияи Шуғнон 31 нафар ва шаҳри Хоруғ 14 нафар дар донишгоҳ таҳсил мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки аз 214 нафар донишҷӯён 109 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд, ки бевосита аз ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат нисбати ин минтақаи дурдасти кишвар дарак медиҳад. Айни ҳол аз вилоят 30 нафарашон дар курси якум, 34 нафар дар курси дуюм, 33 нафар дар курси сеюм, 39 нафар дар курси чорум, 38 нафар дар курси панҷум, 40 нафар дар курси шашум таҳсил намуда истодаанд. Инчунин, донишҷӯёни аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар Донишгоҳ таҳсилкунанда - 56 нафарашон тариқи буҷавӣ ва 49 нафарашон ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар факултети тиббӣ - 191 нафар, стоматологӣ - 4 нафар, педиатрӣ - 6 нафар, фарматсевтӣ – 4 нафар, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 9 нафар таҳсил карда истодаанд.

Инчунин, аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. қайд карда шуд, ки ғайр аз донишҷуён 21 нафар муҳассилини баъдидипломӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 7 нафар ординаторони клиникӣ (5 нафар соли таҳсили якум ва 2 нафар соли таҳсили дуюм) ва 14 нафар интернҳо мебошанд.

Дар мулоқот ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, раисони ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Дарвоз баромад карданд.

Шодихон Ҷамшед–муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш иброз дошт, ки ҳар як мутахассиси ҷавонро зарур аст, ки баъди хатми Донишгоҳ ба хизмати халқу Ватан бояд ҳозир бошад. Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт эродҳои зиёд гирифтанд. Роҳбари давлат ба Кӯҳистони Бадахшон пайваста ғамхорӣ менамоянд, вале мутаасифона баъзе аз мутахассисони ҷавон аз хизмат ба сокинони ноҳияҳояшон саркашӣ менамоянд. Бояд фаҳмид, ки хизмат ба аҳолтт зодгоҳ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст ва мардуми ноҳияҳои дурдасти ВМКБ ба кӯмаки Шумо – донишҷуёну хатмкунандагони донишгоҳ эҳтиёҷи зиёд доранд, қайд намуд Шодихон Ҷамшед. Имрӯз аксарияти ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои дурдасти вилоят аз нарасидани мутахассиони соҳаи тандурустӣ танқисӣ мекашанд. Вале пушида нест, ки ҳангоми гузаронидани суҳбат барои гирифтани квотаи Президентӣ ба камбудиҳо роҳ дода мешавад. Хусусан, имтиёз ба ҷамоатҳои дурдаст дода намешавад ва аксарияти қабулшудагон ба донишгоҳ тибқи квотаи Президентӣ аз марказҳои ноҳияҳо мебошанд. Ин камбудии Раисон ва мудирони шуъбаи маорифи ноҳияҳои ВМКБ мебошад. Раисони ноҳияҳои ВМКБ бояд ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ба ин қабил камбудиҳо роҳ надиҳанд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур ректори Донишгоҳ сухан ронда, иброз дошт, ки тақсимоти квотаи Президентӣ дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми ҶТ, раисону мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва Маркази Миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Пешниҳодкунандаи довталабон барои иштирок дар суҳбат (санҷиши хаттӣ) барои гирифтани квотаи Президентӣ на дар салоҳияти Донишгоҳ, балки дар салоҳияти раисони ноҳияҳою мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо мебошад. Донишгоҳ танҳо ҳуқуқи сафарбар намудани намояндаи донишгоҳро дар таркиби комиссияи Вазорати маориф ва илми ҶТ барои гузаронидани суҳбат (санҷиши хаттӣ) ва таъмини шаффофият дар ҷараёни ташкили онро ба зимма дорад.

Файзов Ё.Д. - раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳақиқатан нарасидани кадрҳои тиббӣ барои ҷамаотҳои деҳоти дурдасти ноҳияҳои ВМКБ проблемаи асосӣ дар соҳаи тандурстии вилоят ба ҳисоб меравад. Раиси вилоят низ аз саркашии мутахассисони ҷавон барои кор дар минтақаҳои дурдасти ноҳияҳои ВМКБ изҳори нигаронӣ намуда, мисол овард, ки ҳангоми фаъолияти чандинсола дар бунёди Оғохон, бо маблағгузории бунёди Оғохон 40 нафар мутахассисони соҳаи тиб барои таҷрибаомӯзӣ ба хориҷи кишвар фиристода шуда буд, ки мутаасифона танҳо 2 нафарашон ба Ватан баргаштанду халос. Раиси вилоят қайд намуд, ки айни замон муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба зиёда аз 200 нафар мутахассиси соҳаи тиб - табибон эҳтиёҷ доранд. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби сартабибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ ба камбудиҳо роҳ дода мешавад ва баъзе хатмкардагон бо ҷои корӣ таъмин карда намешаванд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ супориш дода шуд, ки минбаъд масъалаи мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, ҳамаи табибони ҷавон бо ҷои корӣ таъмин карда шуда, имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалӣ карда шаванд. Пешниҳод гардид ва дархост карда шуд, ки ҳангоми тақсимоти хатмкардагон аз ҷониби ВТ ва ҲИА ҶТ ба хатмкардагони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, хусусан тибқи квотаи Президентӣ ва буҷавӣ таҳсил карда, ихтисосҳои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ниёз дошта ба назар гирифта шавад ва ҳамаи онҳо ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шаванд. Инчунин, дархост карда шуд, ки дастгирии Донишгоҳ низ дар ин масъала лозим аст.

Ректори Донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. ба масъалаи мазкур    равшанӣ андохта қайд кард, ки дар донишгоҳ ҳамаи донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо, аз ҷумла факултети тиббӣ аз курси 1-ум то 6-ум барномаҳои таҳсилоти олии касбии тиббии тодипломиро азхуд карда, то курси 6-ум ба тахассусҳои тиббӣ тақсимот карда намешаванд. Баъди хатми донишгоҳ ба хатмкардагон аз ҷониби донишгоҳ ихтисоси умумии табиб дода мешавад ва онҳо баъди хами донишгоҳ ба пуррагӣ дар зери салоҳияти ВТ ва ҲИА ҶТ қарор мегиранд.

Тақсимоти хатмкардагон ба тахассусҳои тиббӣ бо назардошти дархостҳои сартабибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои тиббӣ барои гузаштани интернатура ва тақсимоти онҳо барои ба ҷои криашон рафтан дар салоҳияти ВТ ва ҲИА ҶТ мебошад. Вобаста ба дархости сартабибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тахассуси хатмкардагон муайян карда шуда, ба муассисаи тиббӣ барои гузаштани интернатура ва ба ҷои кориашон бо роҳхати ВТ ва ҲИА ҶТ ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.

Самадзода З. М. – раиси ноҳияи Ишкошим зимни суханрониаш аз нарасидани кадрҳои соҳаи тиб ҳарф зада қайд кард, ки дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳия бинобар набудани дигар табибони ихтисосманд як табиб новобаста аз ихтисосаш ба ҳамаи беморон кумаки тиббиро ба роҳ монда истодааст. Аз донишҷуёну хатмкунандагони ноҳияи Ишкошим даъват карда шуд, ки баъди хатми донишгоҳ, тахассусҳои ниёз доштаи ноҳияро интихоб карда, ба ноҳияи Ишкошим ба кор баргарданд. Аз ВТ ва ҲИА ҶТ дархост карда шуд, ки ҳангоми тақсимот талаботи ноҳия ба инобат гирифта шавад.

Абдураҳмонзода С.С. – раиси ноҳияи Дарвоз низ вобаста бамасъалаи мазкур фикру ақидаҳояшро баён намуда, аз камбудиҳои дар боло зикршуда ёдоварӣ намуд. Аз ҷониби раиси ноҳия ба донишҷӯён маблағҳои пулӣ ҳамчун тӯҳфаи солинавӣ тақдим карда шуд. Аз донишҷуёну хатмкунандагони ноҳияи Дарвоз хоҳиш карда шуд, ки баъди хатми донишгоҳ, тахассусҳои ниёз доштаи ноҳияро интихоб карда, ба ноҳияи Дарвоз баргашта ба аҳолии ноҳия хизматрасонии тиббии худро расонанд. Аз ҷониби ӯ низ аз ВТ ва ҲИА ҶТ дархост карда шуд, ки ҳангоми тақсимот талаботи ноҳия ба инобат гирифта шавад.

Ҷошбаев М.А. – раиси ноҳияи Мурғоб низ аз нарасидани табибон дар ҷамоатҳои Булункул, Каракул ва дигар деҳотҳои дурдасти ноҳия изҳори нигаронӣ намуд. Раиси ноҳияии мазкур низ донишҷуёну хатмкунандагони ноҳияи Мурғобро даъват кард, ки баъди хатми донишгоҳ, тахассусҳои ниёз доштаи ноҳияро интихоб карда, ба ноҳияи Мурғоб баргашта, ба аҳолии зодгоҳашон хизмат кунанд.

Аз ҷониби ҳамаи баромадкунандагон ба донишҷӯёну муҳассилини ВМКБ фаҳмонида шуд, ки баъди хатм бозгаш ва хизматрасонии тиббии онҳо ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ниҳоят муҳим ва аҳолии ВМКБ ба онҳо ниёз доранд. Раиси ВМКБ, раисони ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Дарвоз донишҷуёнро даъват карданд, ки баъди хатми донишгоҳ тахассусҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ниёз доштаро, хусусан тахассусҳои табиби оилавӣ, нарколог, фтизиатр, рентгенолог, психиат, анестезиолог-реаниматолог, неонатолог, педиатр ва ғайраро интихоб карда, ба зодгоҳҳояшон баргашта, ба аҳолии ВМКБ хизмат кунанд ва қайд карда шуд, ки барои онҳо ҳамаи шароити кору зист таъмин карда шуда, тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда имтиёзҳо дода мешавад.

Кори ҷаласаро ректори Донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои ташриф ба донишгоҳ ва чунин сӯҳбати пурмуҳтавою ошкоро изҳори сипос намуда, пешниҳод кард, ки чунин вохуриҳою мулоқотҳо пайваста ба роҳ монда шуданаш, хусусан бо хатмкунангон барои ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардида мусоидат мекунад. Қайд намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ омода аст, ки пайваста барои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ табибони баландихтисосро тайёр карда, ба салоҳияти ВТ ва ҲИА ҶТ супорад ва барои таъмин кардани яке аз минтақаҳои дурдасти Ватани азизамон бо табибони баландихтисос саҳмгузор бошад. Вохурӣ ва мулоқот самимӣ ва дар сатҳи баланд гузашт.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


8
7
6
5
4
3
2
1
31.12.2018     184