Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ

Дар хобгоҳи № 5 вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он раиси занону духтарони донишгоҳ Сайфутдинова М.Б.низ иштирок намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, мутасаддиён пеш аз ҳама донишҷӯёни соли аввалро барои дохил шудан ба Донигоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Зикр гардид: «Шумо – донишҷӯёни хуштолеъ ҳастед, ки аз ин дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли барои ҳама мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафманд шудед. Боварӣ дорем, ки Шумо дар оянда шаҳсиятҳои арзандаи ҷомеа гардида, барои пешрафти Тоҷикистони азиз ҳиссагузорӣ менамоед».

Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба масъалаҳои занону бонувон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа, саҳми бонувон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, дастгирии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти пешрафтаи занон, оиннома, қоидаҳои донишҷӯӣ, иштироки фаъолона дар дарсҳо ва чорабиниҳо, риояи сарулибоси тавсияшуда, шукргузорӣ аз дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва таҳсили донишҷӯдухтарон изҳори назар карда шуд.

Дар охир донишҷӯдухтарон миннатдории худро ба Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории ҳамешагӣ баён намуда, барои чунин вохӯрии бомавқеъ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Муовини декан оид ба

донишҷӯёни тибқи квотаи

Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З.


27.09.2021 76